Радиои Озодӣ як моҳ пеш дар бораи мушкили хонаводае дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориш дод, ки модар барои писари маъюбаш адолат ва кумак меҷуст. Пас аз нашри гузориш созмону шахсони ёрирасон барои табобати Насим Оқилов мадад карданд, вале модараш Нозанин Юнусализода аз дунё даргузашт ва хонаашон шаби 20-уми феврал оташ гирифт.
Насим Оқилов мегӯяд, пас аз марги модараш танҳо мезист ва ҳангоми сӯхтор бо душворӣ ҷон ба саломат бурд: "Гӯшам оташ гирифт, баъд бедор шудам. Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳаракат кардам, ангуштам сӯхт. Аз дуд заҳролуд шудам. Сипос аз ҳамсояҳо, ки мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд."
Мақомот сабаби сӯхторро “беэҳтиётӣ” номидаанд.
Насим Оқилов муваққатӣ дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷой гирифтааст
Насим Оқилов ду сол пеш дар як сонеҳа ё садама аз сар ва пояш сахт захм бардошт ва аз ҳаракат монд. Модари ҳафтодсолааш дар як суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ иддао дошт, ки ҳарчанд писараш ҷароҳат гирифт, мақомот ронандаро бегуноҳ эълон карданд.
Насим мегӯяд, баъд аз нашри гузориш мардум ба кумаки онҳо омаданд, вале шодмониашон дер давом накард. Модари танҳо бо кӯмаки гирифтаашон писарро ба бемористон бурд, аммо худаш ба сактаи мағзӣ гирифтор шуду фавтид.
"Ман дар беморхона будам. Се рӯз занг задам, модарам гӯширо нагирифт. Хавотир шудам. Ба хона омадам, ки модарам беҳол. Ҳанӯз зинда буд. Ба беморхона бурдем. Як шаб истод, пагоҳаш ҷон дод,” – нақл кард ӯ.
Бисёре аз санадҳо сӯхтаанд
Модари Насим Оқилов вақти дар ҳаёт будан зиёд мехост, ки фарзанди 43-солаашро табобат кунад, то баъди маргаш аз гуруснагию бекасӣ намирад. Вале писараш мегӯяд, натавонистанд саломатии ӯро барқарор кунанд. Бар замми ин, ҳамаи санадҳо, ашёи рӯзгор ва пулу дороие, ки барои идомаи табобат ҷамъ оварда буд, дар сӯхтор нобуд гардид.
Ҳоло Насимро ҳамсоягон муваққатан дар хонаашон ҷо кардаанд, вале барои барқарорсозии ҳуҷҷатҳои модараш, ки қисман пули хайрия ба номаш дар бонк мондааст, кумак мехоҳад. Зеро вазъаш имкон намедиҳад ҳамаи ин равандро худ анҷом диҳад.
Нозанин Юнусализода ягона парастори писараш буд
Насим Оқилов кафшергар буд ва дар сохтмони биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд кор мекард.
Ӯ мегӯяд, моҳи ноябри соли 2023 бо дучарха аз кор бармегашт ва нақлиёти хурди "Скутер" ба ӯ зад. Худашу модараш ронандаро айбдор медонистанд. Нозирони милиса ва додситонӣ тибқи санҷишҳо Насим Оқиловро гунаҳкор баровардаанд. Ронандаи “Скутер” ҳам дар як суҳбати телефонӣ гуфта буд, ҳарчӣ аз дасташ омад, онро дареғ надошт.
Ҳоло Насим Оқилов як имкони асосии ҳаёташро дар табобати пойҳояш мебинад ва мехоҳад мисли пештара ба кор идома бидиҳад.