Миср аз нақшаи барқарор кардани Навори Ғазза хабар дод

Миср нақшаи бозсозии Навори Ғаззаро таҳия дорад, ки берун кардани фаластиниҳо аз ин борикаро дар бар намегирад. Кишварҳои арабӣ талош доранд ба нақшаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи кӯчондани аҳолии Ғазза ва зери назорати ИМА даромадани ин минтақа мухолифат кунанд.

Ба гузориши нашрияи давлатии “Ал-Аҳром”, нақшаи Миср аз он иборат аст, ки дар навбати аввал “минтақаи бехатар” ташкил шуда, сокинони Ғазза то бартараф кардани харобаҳо ва барқарор шудани иншоотҳо дар онҷо мемонанд. Дар навбати аввал ташкили се минтақаи амн дар назар аст. Дар ин мавзеъҳо барои гурезаҳо хонаҳои муваққатӣ сохта шуда, ба аҳолӣ ёриҳои башардӯстона расонда мешавад.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли ду мақомдори мисрӣ навиштааст, лоиҳаи бозсозии Ғазза панҷ солро дарбар мегирад. Ба қавли ин расона, Қоҳира лоиҳаи барқарор кардани Навори Ғаззаро бо кишварҳои Аврупо, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ дорад. Хароҷоти ин тарҳ ба эҳтимоли зиёд аз мавзуъҳои асосӣ аст.

Қасди Миср барои барқарор кардани Ғазза дар ҳолест, ки аввали моҳи феврал Доналд Трамп пешниҳод кард, ки сокинони ин борика барои ҳамеша ин борикаро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя азҷумла, Урдун ва Миср кӯч банданд. Кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Миср ва Урдун қабули сокинони Ғаззаро рад карда, гуфта буданд, ки онҳо бояд дар хонаҳояшон бимонанд.

Навори Ғазза, ки беш аз 2 миллион аҳолӣ дорад, дар пайи 15 моҳ ҷанг миёни гуруҳи "Ҳамос" ва Исроил хароб шудааст. Ин ҷанг моҳи октябри соли 2023 бо ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил шуруъ шуд ва то январи соли 2025 давом кард. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.