Миллионҳо доллар ёрии Амрико ба бахши тандурустии Тоҷикистон

Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳида дар бештар аз се даҳа ба бахши тандурустии Тоҷикистон миллионҳо доллар ёрӣ кардааст.

Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар як нигошта гуфтааст, кишвараш бо шеваҳои гуногун соҳаи тиббии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Навиштаи кордори сафорати Амрико бахшида ба 250-солагии истиқлоли Амрико ва 35-солагии муносибати Вашингтону Душанбе рӯзи 20-уми август нашр шуд.

Ӯ бо ишора ба ихтисоси 78 миллион доллар барои мубориза бо ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан ва сил дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар ин арса ҳамкориҳоро идома хоҳад дод.

Хонум Карсон ҳамчунин навишт, дар Тоҷикистон нахустин платформаи онлайнӣ барои санҷиши мустақил, беном ва ройгони вируси норасоии масунияти бадан бо истифода аз воситаҳои санҷишии сохти Амрико, ки натиҷаашон дар 15-20 дақиқа маълум мешавад, роҳандозӣ шуд.

"То аввали соли 2026 тақрибан 10 000 нафар дар Тоҷикистон аз ин воситаҳо барои санҷиши мустақилонаи вируси норасоии масунияти бадан истифода бурдаанд",-омадааст дар ин навишта.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар замони пандемияи КОВИД-19 ба Тоҷикистон беш аз 4 миллион ваксина, чанд дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ба маблағи 1,8 миллион доллар таҷҳизоти оксиген ва эҳёгарии наврасонро ба клиникаҳои саросари кишвар туҳфа намуд.

Кордори сафорати Амрико дар Душанбе пуштибонии кишварашро аз низоми тандурустии Тоҷикистон баён карда, гуфтааст, ки ИМА ҳаммуалифи Стратегияи миллии мубориза бо сил ва ВИЧ барои солҳои 2026–2030 будааст.

Ӯ мегӯяд, ки барои тақвияти қонунгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон талош карданд ва ба беморхона ва лабораторияҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани муҷаввизи байналмилалӣ кӯмак карданд, то беморон тавонанд табобату нигоҳубини беҳтарро дар Тоҷикистон дарёфт кунанд.