Миллионҳо доллар сармояи Амрико ба чанд бахши муҳим дар Тоҷикистон

Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар дидоре бо сарони Палатаи тиҷоратии ИМА рӯзи 29 октябр дар Вашингтон имкониятҳои сармоягузориро ба риштаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ кард. Завқӣ Завқизода гуфт, ин қадаме дар омодагӣ ба ҳамоиши B5+1 аст, ки моҳи апрели соли 2027 дар Душанбе баргузор мешавад.

Иёлоти Муттаҳида дар 35 соли охир барои истихроҷи маъдан, беҳтар кардани бахши молия, тиҷорат ва энергетика дар Тоҷикистон миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.

Кордори сафорати Амрико дар Душанбе дар як нигоштааш аз 23-юми октябр гуфтааст, "Тоҷикистон конҳои стратегии сурма, литий, нуқра ва маъданҳои нодир дорад, ки дар ҳама чиз, аз телефонҳои хушманд то ҳавопаймоҳои ҷангӣ, истифода мешаванд."

Ба қавли Карсон Релитс Рокер, "дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳо кӯшиш мекунанд таъминоти ҷаҳониро қатъ кунанд, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба Тоҷикистон кумак кунад, то бо истифода аз захираҳои ғании маъдан рушди иқтисодӣ дошта бошад.”

Ӯ афзудааст, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар корхонаи муштараки “Анзоб” ва AMCO Тоҷикистонро ба дувумин истеҳсолкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон табдил дода, дар вилояти Суғд садҳо ҷойи кор фароҳам кардааст.

“Шаффофият низ муҳим аст... Маълумоти боварбахш дар соҳаи истихроҷ ба ҷомеа ва сармоягузорони эҳтимолӣ тасвири равшан аз захираҳои кишварро медиҳад ва барои сармоягузорӣ асос мегузорад. Вақте қарордодҳо ошкоро ва маълумот боварбахш аст, сарвати зери хоки Тоҷикистон ба манфиати мардуми тоҷик хидмат мекунад,” – афзудааст ӯ.

Инро ҳам бинед:

Беш аз $400 миллион ёрии амниятии Амрико ба Тоҷикистон

Дипломати амрикоӣ мегӯяд, кишвараш аз соли 2002 ба шабакаи барқи Тоҷикистон низ 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Аз ин маблағ, ба гуфтаи ӯ, 15 миллион доллар ба сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 равона шудааст. Тарҳе, ки қарор аст нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон бирасонад.

Як барномаи дигар ба арзиши 39 миллион доллар барои беҳтар кардани идораи шабакаи барқ ва омӯзиши мутахассисон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. "Ин барнома ба муҳандисони маҳаллӣ кумак мекунад, ки шабакаи барқро босамар идора ва аз қатъи барқ пешгирӣ кунанд," – навиштааст Карсон Релитс Рокер.

Кордори сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, коршиносони Вазорати молияи кишвараш аз соли 2018 бо Бонки миллии Тоҷикистон дар заминаи таҳкими назорати молиявӣ, мубориза бо пулшӯӣ ва ташкили низоми назорати бима ё суғурта ҳамкорӣ мекунанд. Ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, боло бурдани эътимод ба бонкҳои Тоҷикистон ва пайвастани онҳо ба низоми молиявии ҷаҳон аст.

Вашингтон ҳамчунин соли гузашта барои рушди масири тиҷоратии Долони Миёна (Транскаспий) ташаббуси 15-миллиондоллариро оғоз кардааст. Ин роҳ минтақаи Осиёи Марказиро аз тариқи Баҳри Хазар ё Каспий ва Қафқози Ҷанубӣ ба Аврупо мепайвандад.

"Мо умед дорем, ки ин долон тарзи тиҷорати Тоҷикистонро бо ҷаҳон тағйир медиҳад, вобастагии онро аз масирҳое, ки асосан ба манфиати кишварҳои дигар хидмат мекунанд, коҳиш медиҳад ва захираҳои Тоҷикистонро бевосита ба занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ мепайвандад," – навиштааст кордори сафорати Амрико.

Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.