Ҳар боре ки дар муносибати байни кишварҳо халале рӯ мезанад, муҳоҷирон ба аввалин қурбониёни ин сардиҳои равобит табдил меёбанд.
Рӯзи панҷшанбеи 18-уми апрел дар Маскав Анҷумани Иттиҳодияи журналистони Русия доир шуд, ки дар он аз номи Тоҷикистон хабарнигор ва дипломати сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод суханронӣ намуда, аз ҳамкасбони русаш даъват кард, ки дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикон гузориши воқеӣ нависанд.
Ӯ ба ҳамкасбони русаш муроҷиат намуда, ёдовар шуд, ки дар воситаҳои ахбори умуми ин кишвар симои Тоҷикистон ва тоҷикон бар пояи гузоришҳои марбут бо ҷинояткориву муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ташкил мешаваду дар ин гузоришҳо, ки аксаран як масъалаи маҳаллӣ инъикос шуда, хулосаҳои умумӣ бароварда мешаванд.
Ба қавли Эгамзод, эҳтимол ин гузоришҳо, ки аксаран ҷилои манфӣ доранд, то ҳадде ҳадафмандона барои бадном кардани Тоҷикистон ва то ҳадде аз сабаби ноогаҳии масъулону рӯзноманигор аз вазъи воқеии Тоҷикистон таҳия мешаванд. Вале шояд агар мансабдорони Русия ва ниҳодҳои давлатии ин кишвар рӯзноманигоронро бо маводу мавзӯъ таъмин намекарданд, чунин нақшофарии рӯзноманигорон ҳам осон намебуд.
Ҳафтаи равон бо хабари ғайричашмдошт дар бораи тафтиши қатори роҳи оҳани Тоҷикистон оғоз ёфт. Муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин, ки дар ҳукумати ин кишвар масъалаҳои марбут бо мудофиа ва комплекси саноативу низомӣ машғул аст, ҳамроҳ бо Геннадий Онишенко-раиси идораи Роспетребнадзор ё худ сартабиби санитарии Русия дар минтақаи Астрахан ё худ Аштархон, қатори роҳи оҳани Душанбе Маскавро шахсан тафтиш намуда, сипас дар ҷаласаи ҳайати давлатии назорати марзҳои Русия хулосаҳояшро иброз дошт.
Рогозин иброз дошт, ки пешниҳоди марзбонони рус дар бораи манъи вуруди қатори роҳи оҳани Тоҷикистон ба Русияро дастгирӣ намекунад, вале дастур додааст, ки назму субот рафтуомади тоҷикон ба Русия барқарор шавад. Рогозин пешниҳод кардааст, ки дар баробари назорати меъёрҳои беҳдоштӣ дар қатори роҳи оҳан, муҳоҷирони тоҷикро бидуни шиносономаи сафарии хориҷӣ ба Русия роҳ надиҳанд.
Вале дар давоми ҳафта суханони оташини мансабдорони рус дар бораи қатори роҳи оҳан ва баъзе ташаббусҳои ҷорӣ намудани режими раводид бо Тоҷикистон, ки аз тарафи баъзе сиёсатмадорони миилатгаро ва ҷунбишҳои сиёсӣ садо медиҳанд, суфта шуданду бисёриҳо эътироф карданд, ки муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия бори дигар ҳамчун гаравгон дар баҳси миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия истифода шудааст.
Вале доктори улуми таърих, ходими аршади пажӯҳишгоҳи этнология ва антропологияи Акдемияи улуми Русия Сергей Абашин мегӯяд, зоҳиран, амалиёти ҳукумат дар Астархон ба равобити Тоҷикистону Русия камтар дахл дошта, асосан барои истифода дар дохили кишвар ташкил шуда буд.
“Ҳукумат мехоҳанд ташаббусро аз дасти мухолифин бигирад. Моҳҳои ахир мухолифин бисёр дар бораи зарурати ҷорӣ шудани низоми виза бо Осиёи Марказӣ ва манъи муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар ҳарф мезананд. Барои ҳамин ҳукумат дар ин амалиёт Рогозинро интихоб кард, ки солҳои навадуми асри гузашта ҳамчун миллатгаро ном бароварда буд. Ӯро узви ҷиноҳи миллатгарои ҳукумат мешуморанд. Хуллас, ин як кӯшиши ҳукумат барои аз байн бурдани шиори мухолифин аст.”
Абашин барои исботи фикраш хотирнишон кард, ки баъди ду рӯзи амалиёт дар қатори роҳи оҳани Тоҷикистон, мансабдорони Русия таъкид карданд, ки баҳси ҷорӣ намудани режими раводид ҷой надорад, вале акнун ҳукумат як шиори бузурги мухолифинро аз байн бурд.
Аммо Сӯҳроб Шарифов-вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба ин ақида зиёд мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, дар дохили ҳукумати Русия назари воҳид дар масъалаи муҳоҷират ва муомила бо муҳоҷирон ва ҳамчунон муомила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад.
Хуллас, баҳс ҳар ҷое бошад ё набошад, боз ҳам гунаҳгор муҳоҷирони корӣ шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад