Медали нуқраи гуштигири ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку

Маҳдӣ Баротов, варзишгари ҷавони тоҷик.

Маҳдӣ Баротов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии юнону румӣ байни гуштигирони то 17-сола дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон барандаи медали нуқра шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштӣ байни варзишгарони то 17-сола (U17) дар пойтахти Озарбойҷон бо иштироки наздики 700 гуштигири навраси бештар аз 60 кишвар то рӯзи 2-юми август идома хоҳад кард.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ дар риштаи гуштии юнону румӣ, ки 29-уми июл натиҷагирӣ шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Нуриддин Алланазаров панҷ варзишгар шомил буд: Умар Мухторов (-55 кг), Маҳдӣ Баротов (-60 кг), Бахтовар Примқулов (-65 кг), Маҳдӣ Азизбоев (-71 кг), Ғаниҷони Шероз (-80 кг).

Аз байни онҳо танҳо як нафар – Маҳдӣ Баротов – ба гирифтани медал даст ёфт. Ин гуштигири навҷавони тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило чаҳор қувваозмоӣ анҷом дода, дар сетоаш дастболо шуд.

Маҳдӣ дар даври муқаддамотӣ ба рақибаш Муҳаммад Амр аз Миср бо ҳисоби 14:5 ғолиб омад. Сипас, дар даври чаҳорякниҳоӣ Садриддин Тулқинбоеви узбекистониро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Баротов дар даври ниманиҳоӣ Александр Лунгро аз Руминия бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба финал баромад.

Аммо Маҳдӣ дар даври ниҳоӣ, дар рақобати сахту ҷолиб, аз гуштигири эронӣ Сайид Амирризо бо ҳисоби 6:8 ноком шуда, дар натиҷа мақоми дувумро касб намуд ва бо нишони нуқра сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, Маҳдӣ Баротов моҳи июли соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола дар риштаи гуштии юнону румӣ дар вазни то 55 кило дар шаҳри Афинаи Юнон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Вай дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон дар риштаи гуштии юнону румӣ дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии юнону румӣ байни навҷавонони то 17-сола дар Бокуи Озарбойҷон имсол намояндагони 16 кишвар медал гирифтанд.

Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Русия бо касби 6 медал (2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 4 медал (2 тило ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо касби 3 медал (1 тило ва 2 нуқра) мақоми севумро ишғол карданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра 11-ум шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии юнону румӣ байни навҷавонони то 17-сола дар сабқати дастаӣ Русия бо 127 имтиёз ғолиб гардид. Озарбойҷон бо 107 имтиёз ҷойи дувум, Эрон бо 96 имтиёз ҷойи севум, Узбекистон бо 85 имтиёз ҷойи чаҳорум ва Украина бо 79 имтиёз ҷойи панҷумро азони худ карданд.