Мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт

Акс аз бойгонӣ.

Даври якуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи 6-уми март шуруъ шуд, 8-уми март ба поён расид.

Нахуст дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (сармураббиаш Алишер Тухтаев) ва “Равшан”-и Кӯлоб (сармураббиаш мутахассиси русиягӣ Дмитрий Черишев) 6-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба рақобат пардохтанд. Бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Сипас дар ин варзишгоҳ дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор (сармураббиаш Шамсиддин Қосимов) ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе (сармураббиаш мутахассиси испаниягӣ Хуан Кортес) вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо пирӯзии фархориҳо бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расид. Ду голи “Ҳосилот”-ро ҳамлагар Шарафҷон Солеҳов аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонд. Дарвоқеъ, тӯби дар дақиқаи 12-ум задаи ӯ аввалин гол дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад.

Ду бозии дигари даври якум рӯзи 7-уми март доир шуд. Бозии “Истиқлол”-и Душанбе (сармураббиаш Виталий Левченко) бо дастаи нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода (сармураббиаш Рустам Хоҷаев) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд (сармураббиаш мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович) дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлотияти Тоҷикистон” бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд (сармураббиаш Фаррух Марофиев) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро нимҳимоятгар Парвизҷон Алиев дар нимаи дуюми дидор ба самар расонд.

Ду бозии ниҳоии даври якум рӯзи 8-уми март сурат гирифт. Бозии дастаҳои “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (сармураббиаш Тоҳирҷон Муъминов) ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан (сармураббиаш мутахассиси узбекистонӣ Шералӣ Бобоқулов) дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлотияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт.

Дар бозии охирини даври якум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи “Вахш”-и Бохтар (сармураббиаш Зариф Усмонов) бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор (сармураббиаш Алифбек Беромов) бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ се даста - “Ҳосилот”, “Вахш” ва “Хуҷанд” – бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Бозиҳои даври дуюми мусобиқа рӯзҳои 13-15-уми март баргузор мешаванд.

Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

6-уми март (ҷумъа)

«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» - 0:0

Аз майдон хориҷ шуд: Феумба (“Регар-ТадАЗ”), 75 – корти дуюми зард

Бозигари беҳтарин: Сайёди Ковусшо (“Равшан”)

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1600 тамошобин

6-уми март (ҷумъа)

«Ҳосилот» - КМВА – 3:0

Голҳо: Солеҳов, 12 – аз пеналти (1:0), Акомади, 46 (2:0), Солеҳов, 53 – аз пеналти (3:0)

Бозигари беҳтарин: Шарафҷон Солеҳов (“Ҳосилот”)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1100 тамошобин

7-уми март (шанбе)

«Истиклол» - «Сардор» - 0:0

Бозигари беҳтарин: Қурбоналӣ Бобоев (“Сардор”)

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 500 тамошобин

7-уми март (шанбе)

«Хуҷанд» - «Эсхата» - 2:0

Голҳо: Алиев, 70 (1:0), Алиев, 90 (2:0)

Бозигари беҳтарин: Парвизҷон Алиев (“Хуҷанд”)

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 2000 тамошобин

8-уми март (якшанбе)

«Парвоз» - «Истаравшан» - 2:2

Голҳо: Даниэл, 32 (1:0), Марадона, 35 (1:1), Худойдодзода, 60 (1:2), Шарифзода, 90+3 (2:2)

Бозигари беҳтарин: Абдулфаттоҳ Худойдодзода (“Истаравшан”)

Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 3600 тамошобин

8-уми март (якшанбе)

«Вахш» - «Барқчӣ» - 2:0

Голҳо: Ампонса, 82 (1:0), Черний, 87 (2:0)

Бозигари беҳтарин: Константин Черний (“Вахш”)

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 300 тамошобин

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1“Ҳосилот”11003-03
2“Вахш”11002-03
3“Хуҷанд”11002-03
4“Парвоз”10102-21
5”Истаравшан”10102-21
6 “Регар-ТадАЗ”10100-01
7“Истиқлол”10100-01
8 “Равшан”10100-01
9“Сардор”10100-01
10“Барқчӣ”10010-20
11“Эсхата”10010-20
12КМВА10010-30

Нишонзанҳои беҳтарин: Парвизҷон Алиев (“Хуҷанд”), Шарафҷон Солеҳов (“Ҳосилот”) –2-голӣ

Даври 2-юм

13-уми март (ҷумъа)

КМВА – «Хуҷанд»

«Сардор» – «Парвоз»

14-уми март (шанбе)

«Эсхата» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

15-уми март (якшанбе)

«Равшан» – «Барқчӣ»

«Истаравшан» – «Ҳосилот»