Бояд гуфт, ки Муҳиддин Асадуллоев ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонӣ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст оварда, пешсаф мебошанд.
Муҳиддин Асадуллоев дар феҳристи ҷаҳонӣ миёни мардон дар вазни то 73 кило бо 4565 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ин вазн боз як варзишгари тоҷик – Абубакр Шеров - бо 1606 имтиёз мақоми 24-умро азони худ кардааст.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3880 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дар ин вазн Такеши Такеоке аз Ҷопон бо 4180 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст. Паҳлавони дигари тоҷик Обид Ҷебов дар ин вазн бо 2980 имтиёз дар ҷойи шашум қарор дорад.
Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 2882 имтиёз дар ҷойи панҷум аст. Ин натиҷа дар байни варзишгарони тоҷик севум мебошад. Дар вазни то 81 кило Темур Арбузови русиягӣ бо 4050 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо, инчунин Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо 2398 имтиёз ҷойи 14-ум ва Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 1654 имтиёз ҷойи 24-умро ишғол кардаанд.
Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 766 имтиёз дар ҷойи 49-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 410 имтиёз дар ҷойи 68-ум ва Александра Кан (-57 кг) бо 457 имтиёз дар ҷойи 76-ум мебошанд.
ОМОДАГИИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК БА “ТОСКУЛОҲИ БУЗУРГ”-И ЛОЗАННА
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург”-и Лозанна (Lausanne Grand Slam-2026), ки рӯзҳои 28-30-юми август дар Швейтсария баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Лозанна то рӯзи 5-уми август 462 варзишгар (280 мард ва 182 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 нафар гуштигирон дохиланд, ки 12 нафарашон дар сабқати мардон ва 2 кас дар миёни занон рақобат хоҳанд кард: мардон - Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Масъуди Аҳмадзода (-73 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Сомонӣ Кишваров (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), занон - Аҳлия Муъминова (-48 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг).
Паҳлавонони тоҷик ба ин мусобиқа зери раҳбарии мураббии гурҷӣ Ираклий Узнадзе омода шуда, тамринҳоро дар дараи Ромит ва шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд.
ҲАФТ ҶУДОКОРИ ТОҶИКРО “ҶАЗО” ДОДААНД
Дар Тоҷикистон ҳафт ҷудокор, аз ҷумла се паҳлавони номӣ – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Обид Ҷебовро ҷазои интизомӣ додаанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар баёнияе гуфт, онҳо ба вайрон кардани “интизоми касбӣ ва ҳозир нашудан ба тамрин” гунаҳкор дониста, дар чор моҳи оянда аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳруманд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иддао кардааст, ки онҳоро чанд дафъа барои иштирок дар машқҳои дастҷамъӣ даъват намуд, аммо акси садое нагирифт.
Инчунин, онҳо барои гуё “беҳурматӣ нисбат ба аъзо ва эътироф накардани нақшаи расмии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон” гунаҳкор дониста шудаанд.