Марги зане, ки аз хонаи иҷора ронданаш боис ба эътирозҳо шуд

Марикармен Абаскал аз 23-юми сентябр, замоне ки ӯро зери фишор ва маҷбурӣ аз хона берун карданд, дар бемористон буд

Як зани 87-сола дар шаҳри Мадрид, ки аз хонаи иҷорааш берун кардани ӯ боис ба эътирозҳои саросарӣ дар Испания шуда буд, даргузашт. Дар ин бора нашрияи испании “El Mundo” бо такя ба Иттиҳоди иҷорагирони манзил дар Испания хабар дод.

Марикармен Абаскал аз 23-юми сентябр, замоне ки ӯро зери фишор ва маҷбурӣ аз хона берун карданд, дар бемористон буд. Дар Иттиҳоди иҷорагирон гуфтанд, “бо вуҷуди ин ки як созиши таърихие ҳосил шуд ва ӯ метавонист ба хона баргашта, бо пардохти камтарин зиндагӣ кунад, дер шуда буд.”

Абаскал 70 сол дар хонаи иҷора зиндагӣ кардааст. Баъди он ки ҷойи зисти ӯро бунёди бо номи Urbagestión харид, нархи иҷораи манзил дар ин бино аз 500 евро ба 2650 дар моҳ боло рафт. Ин зан пули иҷораро дода натавонист, қарзаш ҷамъ шуд ва додгоҳ қарор кард, ки ӯро аз хона берун кунанд. Занро бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон бурданд.

Ин ҳодиса хашми мардумро барангехт ва дар саросари Испания намоишҳои эътирозӣ ба пуштибонӣ аз Абаскал шуруъ шуд. Эътирозгарон талаб мекарданд, ки дар робита бо бӯҳрони иҷораи манзил ва камбуди ҷои зист чора андешида шавад.

Эътирозҳо дар Мадрид, 7-уми октябри 2026

Рӯзи 28-уми сентябр намояндагони Марикармен Абаскал бо ширкати Urbagestión созише имзо карда, нархи иҷораро ба ин зан барои 8 соли оянда ба андозаи 30%-и нафақааш, яъне 410 евро таъин карданд.

Reuters навишт, баъд аз хабари марги Абаскал ҳазорҳо нафар бо нидоҳои “Ин марг не, ин куштор аст!” то ба назди порлумон раҳпаймоӣ карданд. Эътирозҳо баъди 2 октябр ҳам давом кард, он рӯз порлумони Испания қарорҳои ҳукуматро дар заминаи мубориза бо буҳрони манзил рад намуд.

Нахуствазири Испания Педро Санчес рӯзи 5-уми октябр порлумонро пароканда карда, 29-уми ноябрро рӯзи интихоботи порлумони нав эълон кард. Ӯ гуфт, ҳукуматаш “ба хатоҳо роҳ дод ва ба ҳамаи ваъда вафо карда натавонист”.