“Ғарқ шуд.” Марги як марзбони дигари тоҷик дар канори дарёи Панҷ

Як маъмури наҷот дар канори дарёи Панҷ. Акс аз бойгонӣ

Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст.

Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҳодиса рӯзи 6-уми август дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух дода, ҷасади афсарро баъди ташхис ба наздиконаш дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт додаанд.

“Ҷаҳонгир Давлатов ва ҳамкоронаш ба кӯли як корхонаи тило барои оббозӣ рафтаанд. Кӯл чуқур будааст. Ӯ ғарқ шудааст. Ҳамкорон пайкарашро аз об берун оварда, ба мақомот хабар доданд,” -- афзуд манбаъ.

Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯйӣ машғуланд.

“Ин ширкатҳо барои шустани сангу шағал кӯлҳои калон сохта, об ҷамъ кардаанд,” – гуфт мусоҳиби мо дар ниҳодҳои интизомии Хатлон.

Инро ҳам хонед:

Ҳалокати як коргар дар ҳавзи заршӯӣ дар Дараи Зарбуз

Дар ду моҳи охир ин бори чорум аст, ки афсару сарбозони Нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон ғарқ шуда, ҷонашонро аз даст медиҳанд.

Мирзобобур Мирраимови 20-сола моҳи июни имсол дар Қубодиён ба дарёи Ому афтод. Дар Идораи ҳолатҳои фақулодаи вилояти Хатлон рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфтанд, ки то кунун ҷасади ӯро наёфтаанд.

Дар охири моҳи июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи сероби Панҷ даромада, ҷасадашон баъди чанд рӯз пайдо шуд.