Марги як коргари дигар дар кони тилои Шугнов

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар кони тилои Шугнов гузориш дода буд

Дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, ки садҳо нафар заршӯйӣ мекунанд, як нафари дигар ҷон бохтааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 8-уми июн рӯй дода, Рӯҳулло Кабиров 30 сол дошт. Ӯ экскватор меронд.

"Экскватор ба ҳавз афтода, дараш боз нашудааст. Рӯҳулло дар зери об монда, ҷонашро аз даст дод," -- гуфт як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн.

Мақомот дар ин бора хабар надодаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар ҳамин кони тило гузориш дода буд. Ӯ бо мошини хокбардори худ рӯзи 9-уми июн ба ҳавз афтодааст.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст ва дар онҷо шаш ширкат бо садҳо коргар ба заршӯйӣ машғуланд.

Охири моҳи майи имсол ба болои коргарон дар Шугнов як кӯҳпора чаппа шуда, чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номиданд.