Марги 6 фаъоли бадахшонӣ дар як сол дар зиндон. Фоҷиаи тасодуфӣ ё чизи дигар?

Акс аз бойгонӣ

Марги шаш фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025 нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башарро дар мавриди шароити маҳбусони сиёсӣ ва дастрасии онҳо ба ёрии пизишкӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар кардааст. Баъзе аз ин афрод пас аз эътирозҳои соли 2022 дар Хоруғу Рӯшон боздошт ва маҳкум шуда буданд.

ШЕРИК КАРАМХУДОЕВ

Шерик Карамхудоев

Шерик Карамхудоев, раҳбари пешини намояндагии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ, рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 дар зиндон фавтид. Дар ин бора аввал рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ бо такя ба манбаъҳои ба гуфтааш боварбахш навишт, ки “Шерик Карамхудоев чанд соат пеш аз марг дучори заъфи ногаҳонӣ, дилбеҳузурии шадид ва қайкунӣ шуд. Бо ин вуҷуд, мақомоти зиндон ба маҳбуси сиёсӣ ёрии пизишкии зарурӣ нарасонданд." Дертар манбаъҳои Радиои Озодӣ дар вилояти Бадахшон тасдиқ карданд, ки Карамхудоев "ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз раҳоияш аз зиндон" ба таври ногаҳонӣ ҷон додааст. “Чанде пеш наздикон ба аёдати Шерик Карамхудоев рафта буданд, ягон душворӣ надоштааст,” – гуфт яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ. Шерик Карамхудоев соли 2012, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки ба дунболи куштори Абдулло Назаров, раиси Идораи амният дар Бадахшон роҳандозӣ шуда буд, боздошт ва дар соли 2013 ба чордаҳ сол зиндон маҳкум гашт. Худаш ба вакилони мудофеъ гуфтааст, баъди боздошт мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифт. Ҳукми ниҳоӣ бе ҳузури вакилони мудофеъ эълон шуд.

МУЗАФФАР ДАВЛАТМИРОВ

Музаффар Давлатмиров

Музаффар Давлатмиров, халифа ё рӯҳониии муътабари пайравони мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон, рӯзи 25-уми июни соли 2025 дар зиндони Ёвон даргузашт. Алим Шерзамонов, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, Давлатмирови 61-сола аз бемории қанд ранҷ мекашид. Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 ӯро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба панҷ сол зиндон маҳкум карда буд. Халифа Музаффар дар байни ҷомеаи исмоилиҳои Бадахшон, мақомдорон ва лидерони ғайрирасмӣ нуфузи зиёд дошт. Ҷузъиёти парвандаи ӯ то кунун пинҳон нигаҳ дошта шудааст, вале дар Хоруғ соли 2022 сарусадо буд, ки гуё як сабаби боздошти ӯ хондани намози ҷанозаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазориев, се лидери ғайрирасмии минтақа будааст. Ин се нафарро, мақомоти интизомӣ унсурҳои ҷиноӣ хонда, дар охири моҳи май ва июни соли 2022 дар Хоруғ куштанд.

ЭРОНШО МАҲМАДРАҲИМОВ

Эроншо Маҳмадраҳимов. Акс аз саҳифаи Анора Саркорова дар Фейсбук

Эроншо Маҳмадраҳимови 39-сола, бародари фаъоли помирӣ Меҳрон Маҳмадраҳимов, 23-юми июни соли 2025 дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҷон дод. Эроншо соли 2021 ба сездаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Анора Саркорова, хабарнигори мустақил, ки бештар масоили вилояти Бадахшонро бозтоб медиҳад, ӯро "қурбонии дигари маъракаи саркӯб" номид. Ба гуфтаи ӯ, фишор ба Эроншо пас аз он шиддат гирифт, ки барорадаш Меҳрон Маҳмадраҳимов паёми видеоии сокинони Рӯшонро дар Русия сабту паҳн кард. Дар он навор даъватҳо ба қатъи боздоштҳои худсарона ва тафтиши ҳодисаҳои соли 2022 садо дод. Манбаъҳои наздик ба оилаи Эроншо Маҳмадраҳимов гуфтаанд, ӯ дар зиндон зери шиканҷа ва фишори равонӣ қарор дошт. Аз ҷумла, ба иттилои онҳо, ӯ моҳи феврал дар утоқи ҷазо ҷойгир ва дар онҷо ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш гирифтор шуд. Мақомот дархостҳоро барои бистарӣ кардани вай дар беморхона напазируфтаанд.

АСЛАН ГУЛОБОВ

Аслан Гулобов

Аслан Гулобов, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, шоми 9-уми июни соли 2025 дар зиндон вафот кардааст. Вай 35 сол дошт. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Аслан Гулобов бар асари хунрезии меъда ҷон дод. Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо дар Фейсбук навишт, “ӯ гирифтори захми меъда буд ва сарфи назар аз шикояти зиёд саривақт ёрии тиббӣ дарёфт накард”. Аслан Гулобов соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 гунаҳкор дониста ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуданд. Онҳо даст доштан дар қатли Абдулло Назаровро рад кардаанд. Муҳокимаи онҳо паси дарҳои баста ҷараён гирифт.

БОҒШО ИММАТШОЕВ

Боғшо Имматшоев

Боғшо Имматшоеви 66-сола рӯзи 25-уми феврали соли 2025 даргузашт, вале хабари маргаш танҳо 24-уми август тавассути пойгоҳи “Pamir Inside” эълон шуд. Манбаъҳои расона гуфтаанд, ки вазъи саломати Имматшоев рӯзи 25-уми январи соли 2025 ба сабаби болоравии фишори хун бад шуда, то расидани “Ёрии таъҷилӣ” сактаи мағзӣ гирифт ва тақрибан як моҳ дар ҳолати беҳушӣ дар Бемористони вилояти Суғд буд ва дар ҳамон ҷо ҷон дод. Мақомот хабарро шарҳ надоданд. Ба навиштаи "Pamir Inside", Боғшо Имматшоев соли 2023 баъди бозгашт аз Русия дастгир ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ба шаш сол ҳабс маҳкум шуда буд. Ӯро дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоштанд.

ҚУЛМАМАД ПАЛЛАЕВ

Қулмамад Паллаев

Қулмамад Паллаев, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 13-уми январи 2025 дар зиндоне дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ моҳи майи соли 2022 дастгир ва дертар ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. 50 сол дошт. Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Паллаев аз дарди сахти меъда ранҷ мекашид. "Масъулони зиндон дар бораи вазъи саломати ӯ хабар доштанд, аммо чорае надиданд. Онҳо ба маҳбуси сиёсӣ тавсия додаанд, ки "сабр кун". Шароити боздошти маҳбусони сиёсӣ мояи нигаронии ҷиддист," – навишт Анора Саркорова. Қулмамад Паллаев моҳи майи соли 2022, баъд аз эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон, дастгир ва ҳамроҳи нуҳ нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздикони онҳо хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.

"ЯКЕ АЗ БАХШҲОИ БАСТА ВА СЕРМУШКИЛИ ТОҶИКИСТОН"

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар дар умури Осиёи Марказӣ, мегӯяд, "марги чанд помирии зиндонӣ дар тӯли чанд моҳ суолҳои ҷиддиро дар бораи муносибат бо маҳбусони сиёсӣ ва шароити зиндонҳо дар Тоҷикистон ба миён меорад. Мақомот бояд ин қазияҳоро фаврӣ ва шаффоф тафтиш карда, ба хонаводаи онҳо маълумоти дақиқ диҳанд.”

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи марги пайиҳами чанд зодаи Бадахшон дар зиндонҳо шарҳе надодаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, ки идораи зиндонҳо зери итоати ӯст, моҳи август дар як нишасти матбуотӣ танҳо ҳаминро гуфт, ки маҳбусон ёрии пизишкӣ мегиранд ва “ҳеч кас аз таваҷҷуҳ дур намондааст”.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар ва профессори донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, дар мусоҳиба бо "Азаттик Азия" (саҳифаи русии панҷ бахши Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ) гуфтааст, “дар се соли охир шоҳиди фишори мунтазам ба мардуми Помир ҳастем. Ин раванд фаъолони сиёсӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ, пешвоёни динӣ, тоҷирон, вакилони мудофеъ ва номзадҳои эҳтимолиро фаро мегирад. Шумораи маҳбусони сиёсии помирӣ рӯ ба афзоиш аст ва рӯйхати бе ин ҳам тӯлонии касонеро, ки дар даҳсолаҳои охир бо ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, тӯлонитар мекунад.”

Як фаъоли дигари ҳуқуқи башар бе зикри номаш гуфт: "Марги шаш кас дар муддати кӯтоҳ фоҷиаи пайиҳами тасодуфӣ нест. Ин ҳодисаҳо дар маконҳое рух додаанд, ки назорати пуррааш дар ихтиёри давлат аст. Агар маҳбусон пайиҳам мемиранд ва қариб дар ҳама ҳолат дер расондани ёрии пизишкӣ мушкили асосӣ номбар мешавад, пас, ин баёнгари мушкилоти ҷиддии сохторӣ дар низоми ислоҳии Тоҷикистон аст."

Стив Свердлов бар ин назар аст, ки зиндонҳои Тоҷикистон яке аз бахшҳои баста ва сермушкил боқӣ мемонанд: "Мо мушкилоти ҷиддиро мебинем. Шиканҷа, пур шудани зиндонҳо, беморӣ, гуруснагӣ. Дар айни замон мақомоти Тоҷикистон ба нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурх имкони боздид аз зиндонҳоро намедиҳанд... Марги пайиҳами шаш нафар дар як сол нишон медиҳад, ки вазъ то чӣ ҳад ҷиддист. Шарикони байнулмилалии Тоҷикистон, онҳое, ки ба озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи одамон бефарқ нестанд, бояд ин масъаларо бардоранд, аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи мансабдорони масъул, ба мисли додситони кул, раиси Идораи амният ва дигарон."

Хоруғ, 16-уми майи соли 2022

Ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар моҳи августи 2025 марги зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, ҳамзамон аз мақомот хостанд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.

Amnesty International ё Афви Байнулмилал, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, соли 2023 аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки интиқомгириро аз фаъолони помирӣ ва норозиёну мухолифони дигар бас карда, вакилону рӯзноманигорон ва пешвоёни ҷомеаи бадахшониҳоро бе ягон шарт аз ҳабс озод кунад.

Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, низ моҳи октябри соли 2023 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нисбат ба эътирозгарон дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон бархӯрди сангин сурат гирифтааст ва “ин воқеаҳо бояд бетарафона ва одилона таҳқиқ шаванд.”

Душанбе ба муроҷиату даъватҳои сершумори гурӯҳҳои ҳуқуқи башар посухе надодааст.