Марги мармузи як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳ

Акс аз бойгонӣ.

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳи Идораи пулиси ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Фирдавс Кожевникови 20-сола 9-уми январи имсол бо гумони "такроран дуздӣ кардан" дастгир шуда, рӯзи 16-уми январ ба таври мармуз ҷон бохтааст. Хабар тоза дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, "Кожевников бо ҳадафи гурез аз ҷавобгарии ҷиноӣ бо банди сарпӯши либосаш худро ба дор овехтааст".

Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва назари пайвандони Фирдавс дар бораи қазия маълум нест.

Тибқи меъёр, бо чунин либос нигаҳ доштани гумонбарон ба ҷиноят дар тавқифгоҳ манъ аст ва ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ нигаҳбонон низ "барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаи хидматиашон айбдор дониста мешаванд".

Марги гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо бисёр вақт танқид шунидааст.

Аз ҷумла, Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофҳои беасосро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.