Марги оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, зарбаи сахте ба низоми исломии ин кишвар дониста мешавад, вале ба назари коршиносон, кафолате намедиҳад, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи ин фурӯ пошад.
Ҳарчанд Хоманаӣ наздик ба чаҳор даҳсола ҳукумати Эронро ҳамчун раҳбари аввал идора мекард, низоми ин ҳукумат тавре сохта шудааст, ки дар сурати марги раҳбари олӣ низ имкони идома карданаш вуҷуд дорад.
“Ҷумҳурии Исломӣ низоми пойбанд ба шахсият нест”?
Раҳбари 86-солаи Эрон 28-уми феврал дар ҳамлаи ҳавоии Исроилу Амрико дар қароргоҳаш дар Теҳрон бо чанд низомии баландмақоми ҳукуматаш кушта шуданд. Ин мансабдорон барои ҷаласае ба қароргоҳи Хоманаӣ омада буданд.
Данни Ситринович, корманди Пажӯҳишгоҳи амнияти миллии Исроил, мегӯяд, “бо вуҷуди онки Хоманаӣ сиёсати Эронро дар тӯли беш аз се даҳсола шакл дод, Ҷумҳурии Исломӣ низоми пойбанд ба шахсият нест".
Ҳукумат бар асоси қонунҳои шаръӣ дар Эрон, ки пас аз Инқилоби исломии соли 1979 сари кор омад, ба гуфтаи коршиносон, аз ҷониби ниҳодҳои сиёсӣ, низомӣ ва рӯҳонӣ идора мешавад, ки дар сурати тағйири раҳбари аввал низ корашон идома меёбад.
Алии Хоманаӣ (чап) бо Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ дар Эрон
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз ҷумлаи чунин ниҳодҳои низомӣ аст, ки сиёсат, артиш ва иқтисоди кишварро назорат мекунад. Шӯрои нигаҳбон, ниҳоде, ки аз рӯҳониён иборат аст, сохти давлатдориро зери назорат дорад.
Ба гуфтаи Ситринович, “далелҳои таърихӣ бозгӯйи он аст, ки низомҳои инқилобӣ дар сурати ҳамлаи берунӣ аксаран рӯ ба муттаҳидӣ меоранд ва майли парокандагиашон кам аст.”
Ӯ гуфт, "фарзияи он ки нобудии раҳбари олӣ низомро ба ҳам мезанад, ҳадсу гумон аст ва баръакс, эҳтимол дорад, ин ҳодиса боис ба якпорча шудани нухбагон ё чеҳраҳои калидии низоми Ҷумҳурии Исломӣ бо мавқеъҳои сахтгиронатар аз қабл гардад”.
Кӣ ҷойгузини Хоманаӣ хоҳад шуд?
Зоҳиран нухбагони зиндамондаи Ҷумҳурии Исломӣ дар зудтарин фурсат раҳбари олии низомашонро таъйин хоҳанд кард, зеро аз халои қудрат нигаронанд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 1-уми март ба телевизиони "Ал-Ҷазира" гуфт, раҳбари олии оянда аз ҷониби Шӯрои хубрагон, ниҳоде, ки масъули интихоб ва назорати кори раҳбари олиро дорад, давоми чанд рӯзи оянда интихоб мешавад.
Аз чап ба рост: Муҳсини Эжаӣ, Масъуд Пизишкиён ва Алиризо Аърофӣ
Ҳоло як Шӯрои муваққат кишварро идора мекунад. Дар ин Шӯро Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон; Муҳсини Эжаӣ, раиси Додгоҳи олӣ ва Алиризо Аърофӣ, рӯҳонии собиқадори низом ҳузур доранд.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршиносон, амалан Эрон аз ҷониби Шӯрои олии амнияти миллӣ, ниҳоди калидӣ дар сохтори низом, идора мешавад. Алии Лориҷонӣ, сиёсатмадори собиқадор ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ раҳбари ин Шӯро аст.
Лориҷонӣ, як чеҳраи амалгаро ва аз шахсони боэътимоди Хоманаӣ буд, ки дар замони “ҷанги 12-рӯза” худро чун чеҳраи таъсиргузор нишон дод.
Чеҳраи дигаре, ки ба гуфтаи коршиносон, эҳтимолан нақши бештар барҷаста хоҳад дошт, раиси порлумон Муҳаммадбоқири Қолибоф, сиёсатмадори собиқадори наздик ба Сипоҳи посдорон аст.
Алии Лориҷонӣ
Аз замони кушта шудани Хоманаӣ ин савол дар дохилу хориҷи Эрон чарх мезанад, ки ҷойнишини ӯ кӣ хоҳад буд. Бар асоси қонунҳои Эрон, расман раҳбари олиии кишварро бояд Шӯрои хубрагон интихоб кунад.
Ҳоло, бинобар ҳамлаҳои Исроилу Амрико дар гумон аст, ки Шӯрои хубрагон имкони анҷоми ин корро ба осонӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, кишвар аз ҷониби ҳалқаи сенафарии мансабдорон идора мешавад.
“Агар як рӯҳонии солхӯрда биояд...”
Дар ҳар сурат, тасмими Шӯрои хубрагон, ки киро раҳбари олӣ интихоб хоҳад кард, ҳаракати ин кишварро ба сӯи оянда ва тасмимгириҳо рӯшан хоҳад кард.
Дар замони Хоманаӣ Эрон ба як кишвари аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ таҳримшуда табдил ёфт. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пайваста бо кишварҳои ғарбӣ душманӣ меварзид ва алайҳи мардуми худаш дар эътирозҳо аз силоҳ истифода карда, онҳоро бераҳмона саркӯб мекард.
Грегори Брю, таҳлилгари масоили Эрон дар гурӯҳи "Eurasia Group", воқеъ дар Ню-Йорк, мегӯяд, "агар як рӯҳонии солхӯрда ва сахтгир аз насли Хоманаӣ сари қудрат биояд, ин бозгӯи он хоҳад буд, ки низом саркӯбро дучанд карда, ин ба қавӣ ва муттаҳид кардани низом талош хоҳад кард."
Ин коршинос афзуд, эҳтимоли дигар ҳам ҳаст, ки шояд як чеҳраи наву ҷавонро сари қудрат биоранд, ки майл ба ислоҳталабӣ дошта бошад ва саҳифаи наверо дар таърихи Эрон боз кунад.