"Зистан мехоҳам": 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд

Бо вуҷуди он ки ширкат дар ҷангҳои бегона дар Тоҷикистон ҷазо дорад, то ҳол дар ин робита ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

Бино ба маълумоти тасдиқшуда, дар ҷанги Русия алайҳи Украина наздики 1400 "зархарид" аз Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. Афроде, ки аз тарафи Русия зидди Украина меҷангиданд. Маълумотро тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина рӯзи 24-уми феврал нашр кард.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳама зиёд 481 зодаи Узбекистон ва сипас 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанг кушта шудаанд. Аз Қазоқистон 270, Қирғизистон 143 ва аз Туркманистон 27 кас ҷонашонро аз даст доданд. Ин омори тасдиқшуда аст ва шумораи кушташудаҳо метавонад хеле бештар аз ин бошад.

Ба гузориши тарҳи “Зистан мехоҳам” феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Манбаъ мегӯяд, онҳоро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла додани шаҳрвандии Русия ва гирифтани миллионҳо рубл ба ҷанг мефиристанд.

Гурӯҳи дигар зиндониён ҳастанд, ки дар ивази ҷангидан ваъдаи озодӣ гирифтаанд. Ҳамчунин муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо таҳдиди оғози парванда ё ихроҷ онҳоро маҷбур мекунанд бо Вазорати дифои Русия шартнома банданд.

Рӯзи 24-уми феврал ба шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина чор сол пур шуд.

Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ин падидаро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, алайҳи ягон кас барои ширкат дар ин ҷанг парванда боз нашудааст.