Марги 443 нафар дар шаш сол дар зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон

Дидбонгоҳи яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Дар муддати шаш сол (2019-2025) дар зиндонҳо ва муассисаҳои дигари ислоҳии Тоҷикистон 443 нафар фавтида ё ба ҳалокат расидаанд ва дар ин миён соли 2025 соли маргбортарин будааст.

Омори изтиробангез ҳам барои хешовандони зиндониён ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ рӯзи 14-уми апрел аз забони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи Созмони Милал барои мубориза бо шиканҷа дар шаҳри Женева садо дод. Ҷое, ки чанд вазиру мансабдори тоҷик гузориш доданд, ки дар 5 соли гузашта барои решакан кардани шиканҷа ва бадрафторӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои ислоҳӣ чӣ кор карданд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт: "Соли 2025-ум 89 мавриди маргумири зиндониён сабт шуд. 9 нафар аз бемории қалб, 13 нафар аз бемории роҳҳои нафас, 9 нафар аз бемориҳои асаб, 10 нафар аз бемориҳои аъзои ҳозима, 4 нафар аз саратон, 7 нафар аз шиддат гирифтани бемории қанд, 2 нафар аз бемории роҳҳои шошагузар, 2 нафар аз бемории норасоии масунияти бадан, 7 нафар аз бемориҳои дигар ва 11 нафар дар натиҷаи тасодуф ҷон додаанд."

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия (рост) ва Зариф Ализода, мушовири раисҷумҳур (чап)

Вазири адлия нагуфт, ки 11 зиндонӣ дар натиҷаи чӣ гуна ҳодиса ё тасодуфе ҷон додаанд, вале афзуд, тамоми қазияҳо мӯшикофона таҳқиқ шудаанд, то мабодо натиҷаи шиканҷа ва бадрафторӣ набошанд. Музаффар Ашӯриён бештар аз ин ҷузъиёт надод.

Яке аз сабабҳои маргумири зиёд дар зиндонҳои Тоҷикистонро шароити номуносиби ҳуҷраҳо ва ҳам хадамоти тиббӣ медонанд ва барои ҳамин ҳукуматро танқид кардаанд. Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи инсон, чанде пеш дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунон мушкили зиёд доранд, аз ҷумла вуҷуди шиканҷа, ҳуҷраҳои тангу пур аз зиндонӣ ва маҳбусони бемор, ки саривақт муолиҷа намешаванд.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам дар гузориши наваш ба мақомот тавсия додааст, ки “ҷиҳати беҳтар намудани шароити моддии зиндонҳо ва расонидани ёрии тиббии саривақтӣ ба дастгиршудагон ва маҳкумшудагон” чора биандешанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марги 6 фаъоли бадахшонӣ дар як сол дар зиндон. Фоҷиаи тасодуфӣ ё чизи дигар?

Шиканҷа: 14 парвандаи ҷиноӣ

Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева таъриф карданд, ки барои решакан кардани шиканҷа ва роҳ надодан ба бадрафторӣ дар зиндонҳову муассисаҳои дигари ислоҳӣ дар чанд соли гузашта қонуну санадҳои зиёдеро ислоҳ карданд.

Умед Каримзода, муовини додситони кул, гуфт, ҷазо барои шиканҷаро сахттар карданд ва ҳоло агар маъмури милиса ё муфаттиш ё ҳар каси дигар дар шиканҷа гунаҳкор дониста шавад, мумкин аст, ӯро аз 8 то ба 15 сол зиндон маҳкум кунанд. Ва ин афрод ҳам ба ҳеч як авфи умум шомил намешаванд ва бояд ҳукмро то поёнаш адо кунанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, Додгоҳи олӣ амр додааст, ҳеч эътирофе, ки таҳти шиканҷаву зӯрӣ ба даст омадааст, ҳамчун далел ба ҳисоб гирифта нашавад. Умед Каримзода афзуд: “Дар тӯли солҳои 2018-2025 105 шикоят аз амалкардҳои ғайриқонунӣ сабт шуд. Дар натиҷаи тафтишҳо ва бар асоси моддаи шиканҷа 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқ шудааст.”

Вазири адлия ҳам гуфт, ки дар муддати 5 соли гузашта бо гуноҳи шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон 13 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва 11 нафарро паси панҷара фиристодаанд.

Мақомоти додситонӣ шикоятҳоро саривақт ва беғараз таҳқиқ намекунанд, ки ин боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани омилони шиканҷа мегардад.

Гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузориши муфассале ба Созмони Милал гуфтаанд, бо вуҷуди тадбирҳои андешида, шиканҷа ва бадрафторӣ дар Тоҷикистон, бавижа дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ, ба таври густурда идома дорад.

Анҷумани Ҳамкорӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, қароргоҳаш дар Ҳелсинкӣ, сабабҳои аслии побарҷо мондани вазъро риоят нашудани қонунҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудагон ва бепарвоии додгоҳҳо донистааст, ки шикоятҳоро аз шиканҷа бисёр кам ба инобат мегиранд.

"Мақомоти додситонӣ шикоятҳоро саривақт ва беғараз таҳқиқ намекунанд, ки ин боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани омилони шиканҷа мегардад. Аксар вакилони дифоъ ё адвокатҳо аз тарси интиқоми мақомоти интизомӣ, на танҳо худ аз пешниҳоди шикоят худдорӣ мекунанд, балки ба зерҳимояҳои худ низ машварат медиҳанд, ки шикоят набаранд," – гуфтааст Анҷумани Ҳамкорӣ Барои Ҳуқуқи Инсон.

Дигар сабаб, ба бовари созмон, ин будааст, ки худи маҳбусон аз бими бадтар шудани шароити нигоҳдорӣ ё содир шудани ҳукми сангинтар ва ҳамчунин бовар надоштан ба адолати додгоҳӣ аз шикоят даст мекашанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марги 443 маҳбус. Аз беморӣ ё шиканҷаву бадрафторӣ?