Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Намояндагони ин ниҳод 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи фавтидагон 8 кас ва теъдоди захмиён 284 нафар бештар шудааст.
Ба гузориши ВКД, дар нимаи аввали имсол дар кишвар 531 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст.
Тоҷикистон дар як моҳи ахир шоҳиди чанд тасодуфи маргбор буд. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл дар як садама дар роҳи Фархор-Душанбе, ҳафт нафар ҷон бохтанд. Пеш аз он дар рӯзи 2-уми июл дар тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҳалок шуданд.
Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат, мошинҳои куҳна ва роҳҳои ноҳамвор сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо арзёбӣ мешавад.