Паёмрасони Max зери ҳимояи давлат аст ва корбарон мегӯянд, кори ин месенҷер мушкили зиёд дошта, махфияти суҳбатҳои онҳо кафолат надорад.
Русия даҳҳо паёмрасони хориҷӣ ва ВПН ё филтршиканҳоро маҳдуд кардааст, то сокинон онҳоро истифода карда натавонанд.
Max аз кист?
Max ҳамчун паёмрасони миллӣ тавсиф мешавад ва истифодаи онро мақомоти рус чун намунаи ватандӯстӣ ташвиқ мекунанд. Соҳиби ширкате, ки Max-ро сохтааст, писари яке аз ёварони Владимир Путин, президенти Русия аст.
Бархе ночор шудаанд, ки ин паёмрасонро истифода кунанд.
Ирина Матвеева, саксофоннавози яке аз тарабхонаҳои Маскав мегӯяд, паёмрасони Max-ро дар телефонаш насб кардааст, то бо шогирдонаш дар тамос бошад.
“Ба ғайр аз ҳунарнамоӣ дар инҷо, ман дар як студияи хусусӣ ҳам ба шогирдонам дарс медиҳам ва бояд бо онҳо доим дар тамос бошам. Баъзан наворе лозим аст, баъзан маслиҳате додан зарур мешавад. Аз замоне, ки телеграмро бастаанд, ин мушкили бузург шудааст,"—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Русия мехоҳад мардум аз Макс истифода баранд
Мушкили истифодаи паёмрасонҳо
Ҳунарманди дигари ин гурӯҳ Наталия Терехова мегӯяд, мақомот бо баҳонаҳои амниятӣ интернети мобилӣ ва мавҷҳоро маҳдуд мекунанд ва ин паёмрасон ҳам дуруст кор намекунад. Ба қавли ин ҳунарманд, мақомдорон қабл аз ташвиқи Max мебоист тамоми камбудиҳои ин паёмрасонро аз байн мебурданд. Ӯ меафзояд, ки тавассути Max фиристодану қабул намудани навору акс осон нест.
Бархе сокинони Маскав ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки бе мушкил ин паёмрасонро истифода мекунанд.
Бархеи дигар гуфтаанд, ки бо истифода аз ВПН ҳанӯз ҳам Телеграм истифода мебаранд.
Мақомдорони рус паёмрасонҳои хориҷиро василаи хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ унвон дода, истифодаи шабакаҳои иҷтимоии шабеҳи Вотсап ва Телеграмро маҳдуд кардаанд.
Соҳибони паёмрасони Max охири моҳи гузашта иттилоъ дода буданд, ки алакай 107 миллион нафар дар Русия, Осиё, Африқо, Амрикои лотин ва Ховари Миёна аз хадамоти паёмрасонашон истифода мебаранд.
"Хадамоти амниятӣ ба Max дастрасӣ дорад"
Фаъолони мухолифин таъкид мекунанд, ки хадамоти амниятӣ ба паймрасони Max дастрасӣ дошта, зеҳни сунъӣ бо қироати иттилои хусусӣ рӯйхати таҳдидои эҳтимолии амниятӣ ва дигарандешонро тартиб медиҳад.
Денис Кусков, раиси сомонаи иттилоотии "Телеком-дейли" аз он нороҳат аст, ки ҳукумат мехоҳад корбаронро аз ҳаққи интихоб маҳрум кунад: "Баъзе вакилон талаб доранд, ки ҳар як шаҳрванд паёмрасони Max насб кунад. Агар Max насб накардааст, пас ӯ душмани мардум аст. Мехоҳам суолеро матраҳ кунам, ки чаро инсон ҳамтан ин корро иҷро кунад. Шояд намехоҳад!".
Дар ин робита хабарнигори Ройтерс ба ёд меорад, ки мардуми рус анъанаи тӯлонии муқовимати пинҳонӣ ба сензураи давлатро доштааст. Дар давраи подшоҳӣ ин нашри пинҳониву нусхабардоии китобу ашъори дигарандешон будааст, ки дар давраи шӯравӣ бо номи "Самиздат" идома дошт.