Мақомоти Русия гуфтаанд, ки соли гузашта муҳоҷиронро камтар ронданд

Амалиёти маъмурони амниятӣ барои пайдо кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Новосибирск

Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки ихроҷи муҳоҷирони корӣ ва ё дар умум хориҷиён аз хоки ин кишвар дар соли 2025 тақрибан 25 ҳазор нафар камтар шудааст.

Хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба иттилои додгоҳҳои Русия навиштааст: “Дар 11 моҳи соли 2025 аз қаламрави Русия 54.4 ҳазор хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро берун рондаанд, вале ин рақам дар 11 моҳи соли 2024-ум 79 000 нафарро ташкил медод.

Ба навиштаи “Интерфакс” фармони раиси ҷумҳури Русия барои тамдид кардани мӯҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябр ба поён расид, сабаби коҳиши ихроҷ ва ё депортатсияи муҳоҷирон шудааст. Дар Русия бино ба оморҳои гуногун тақрибан як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Соли 2024 ба гуфтаи мақомоти расмӣ беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ карданд. Гузориш дар бораи рондани муҳоҷирони тоҷик, беҳуқуқӣ ва бадрафтории маъмурони интизомии Русия бо онҳо тақрибан ҳар рӯз дар расонаҳои русӣ нашр мешаванд.