Мақомоти интизомии Хатлон марзбони бедаракшударо меҷӯянд

Шоҳдил Ҷӯразода моҳи апрели соли 2025 аз деҳаи Баҳори ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба хидмат ҷалб шудааст.

Як сарбози нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон якуним моҳ боз бедарак шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш ва ҳам мақомот, Шоҳдил Ҷӯразода, сарбози 20-солаи нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз рӯзи 8-уми декабр инҷониб бенишон аст.

Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ҳамроҳи чанд ҳамхидматаш рӯзи 8-уми декабр дар навбати посбонӣ буданд ва барои об рафта дигар барнагаштааст. Як манбаи огоҳ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса Шоҳдил бо ду-се сарбоз лаби дарё обгирӣ рафтаанд ва баъди гирифтани об Шоҳдил ба ҳамхидматонаш гуфтааст, ки шумо равед ман аз пас меоям, аммо барнагаштааст.

Ҳамхидматонаш дубора ба лаби дарё рафта, дидаанд, ки сатил ҳаст, аммо сарбоз нест. Ҳодиса дар дидбонгоҳи деҳаи Шоҳон шудааст. Манбаи мо гуфт, Ҷӯразодаро бори ахир дар наздикии ошхонаи деҳаи Шоҳон дидаанд. Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб дар ин робита парванда боз кардааст ва Ҷӯразодаро дар пайгарди қонунӣ эълон кардааст.

Роҳбарияти қисми низомии 0308 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба волидони Шоҳдил Ҷӯразода гуфтаанд, ки ӯ “санаи 08.12.2025 сол бо сабабҳои номаълум худсарона маҳали хизматиашро тарк намудааст.” Ба қавли афсарони марзбони тоҷик, ӯ “бидуни зарурияти хизматӣ то ба имрӯз ба маҳали хизматиаш ҳозир нашуда, манфиати шахсӣ ва хизматиашро аз манфиати давлат боло гузошта бар хилофи талаботи Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.”

Дар нома аз волидони Шоҳдил хостаанд, дар пайдо кардану ба ҷойи хидмат баргардонидани ӯ мусоидат кунанд, дар акси ҳол ба зидди ӯ барои фирор аз артиш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Дар Тоҷикистон дар сурати фирор аз артиш ва барнагаштан дар муддати камтар аз як моҳ, сарбозро метавонанд аз се то ба 5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Мақомоти интизомӣ ба хонаводаи Ҷӯразода гуфтаанд, то замоне, ки аз сарнавишти ин сарбоз хабари дақиқ ба даст наояд, чанд фарзия матраҳ хоҳад шуд. Аз ҷумла суолҳое баррасӣ хоҳанд шуд, ки «шояд ӯ ба Афғонистон рафтааст, ё дар ҳамин ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, вале пинҳон аст».

Хоҳари Шоҳдил Ҷуразода мегӯяд, як рӯз пеш аз нопадид шудан бародараш бо хонавода телефонӣ суҳбат карда буд. Ба гуфтаи Меҳрафрӯз, бародараш боре рухсат шуда ба хона омад ва шароити хидматро вазнин гуфт. Шоҳдил Ҷӯразода моҳи апрели соли 2025 аз деҳаи Баҳори ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба хидмат ҷалб шудааст. Ӯ ҳашт моҳи хидматро дар қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини ҳамсарҳад бо Афғонистон сипарӣ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон сарбозон бенишон мешаванд. Соли 2013 Аскаралӣ Саидов дар охирин рӯзҳои хидматаш дар ноҳияи Дарвози вилояти Хатлон нопадид шуд. Мақомот парванда боз карда аз пайи ҷустуҷӯи ӯ шуданд. Сарнавишти ин сарбоз барои Радиои Озодӣ то ҳол маълум нест.