Хабаргузории “Ройтерс” менависад, ки чунин маълумотро чор манбаи огоҳ дар ҳукумати ИМА тасдиқ кардаанд.
Бино ба иттилои чор манбаи огоҳ, феълан мақомот дар Кохи Сафед бо раҳбарони ҷазираи Гринландия ин мавзӯъро баррасӣ доранд, ки бар ивази пардохти пулии якдафъаина ба ҳар як сокини ин қаламрав онҳо розӣ шаванд аз кишвари Дания ҷудо шуда, ба ИМА бипайванданд. Дар ҳоле, ки нархи мушаххаси пешниҳодӣ феълан маълум нест, ду манбаи огоҳ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, суҳбат аз пешниҳоде аз 10 то 100 ҳазор доллар меравад.
Фикри пардохти мустақими пул ба 57 ҳазор сокини Гринландия барои аз дасти Дания гирифтани назорат бар ин қаламрав тарзи ба истилоҳ “харидани” ҷазираро аз ҷониби ИМА ошкор мекунад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Трамп эҳтимоли харидани Гренландияро баррасӣ дорад
Президент Доналд Трамп гуфтааст, ИМА бо чанд далел, аз ҷумла ба хотири дастрасӣ ба маъданҳои нодир ва таъмини амнияти миллиаш, бояд ба ин ҷазира дастрасӣ дошта бошад. Мақомот дар Копенҳаген ва Нуук, пойтахти Гринландия таъкид кардаанд, ки ин ҷазира фурӯхта намешавад.
Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳурии ИМА гуфтааст, ки "ба раҳбарони аврупоӣ ва ҳар каси дигар маслиҳат медиҳам, ки президенти ИМА-ро ҷиддӣ бигиранд”.
Муовини президенти ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, дастёбӣ ба Гринландия барои ИМА арзиши зиёд дорад.
Ӯ гуфт: “Мо аз дӯстони аврупоиамон мехоҳем, ки дар ин сарзамин мавзӯи амниятро ҷиддӣ бигиранд ва агар чунин нашуд, ИМА бояд дар ин замина коре бикунад”.
Раҳбарони Аврупо гуфтаҳои Трампу зердастонашро бад қабул карданд, бахусус бо назардошти ин ки ИМА ва Дания дар созмони низомии НАТО ҳампаймон ҳастанд.
Ин ҳафта Фаронса, Олмон, Итолиё, Лаҳистон, Испания, Бритониё ва Дания бо нашри изҳороти муштараке гуфтанд, танҳо Гринландияву Дания метавонанд дар масоили вобаста ба робитаҳои худ тасмимгирӣ кунанд.
Кая Каллас, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт: “Бешубҳа, паёме, ки мо дар робита бо Гринландия мегирем, мавриди нигаронии фавқулодда аст ва мо инро дар миёни аврупоиҳо ҳам баррасӣ дорем, ки агар ин як таҳдиди воқеӣ аст, вокуниши мо чӣ мешавад.”
Педро Санчез, нахуствазири Испания рӯзи панҷшанбе онро чун “таҳдид ба тамомияти арзии давлатҳои аврупоӣ” маҳкум намуд.
“Ин далели он аст, ки мо дигар дар ҷаҳони нав, ҷаҳони аз гузашта бештар тақсимшуда, душманона ва беназм ба сар мебарем,”—гуфт ӯ.
Як манбаъ гуфт, мушовирони Кохи Сафед пешниҳод доранд, ки амалиёти монанд ба рабоиши Мадуроро дар ҳалли зудҳангоми ҳадафҳои дарозмуддати геополиткии Трамп ба кор баранд. Сафорати Дания ва ҳам дафтари намояндагии Гринландия дар Вашинтон дархости шарҳи мавзӯъро беҷавоб гузоштанд.