Эрон шумори кушташудаҳои ҷангро расман эълон кард

Пайомади ҳамла ба як маҳаллаи Теҳрон

Мақомоти Эрон шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷанги 40-рӯза бо Амрико ва Исроилро эълон карданд.

Аҳмад Мусавӣ, муовини раиси ҷумҳур гуфт, дар ин ҷанг 3468 кас кушта шудаанд.

Ба иттилои Созмони пизишки қонунии Эрон, 2875 нафар аз кушташудагон мард ва боқӣ занон ҳастанд.

Омори ҷудогона дар бораи кушташудаҳо дар Эрон қаблан аз сӯи Ҳилоли Аҳмари ин кишвар пахш мешуд, аммо он пурра набуд.

Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико пештар шумораи кушташудагони ҷангро дар Эрон 3636 нафар эълон карда буд. Ин созмон навишт, 1701 қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва аз онҳо 254 кӯдак мебошанд.

Ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар таърихи 28-уми феврал оғоз ёфт ва баъди 40 рӯз ҷонибҳо ба оташбаси дуҳафтаина розӣ шуданд. Ин ҷанг боис ба марги ҳазорҳо тан ва бехонаву ҷой шудани миллионҳо нафар дар Ховари Миёна шудааст.