Мақомот гуфтанд, тифли гумшударо ёфтанд, аммо ҷузъиёт надоданд

Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 16-уми октябр бо нашри ин акс хабар дод, ки тифли нопадидшудаи Мавзуна Акрамовро ёфтанд

Мақомот дар Тоҷикистон бе овардани ҷузъиёт гуфтанд, навзодеро, ки рӯзи 11-уми октябр аз як таваллудхонаи марказии Душанбе гум шуда, боис ба нигаронии мардум гашта буд, "сиҳату саломат" пайдо кардаанд. Онҳо аз ин бештар ҷузъиёт надодаанд. Наздикони ин хонавода, ки то дирӯз Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос буд, акнун дар дастрас нестанд. Пештар ба онҳо дастур дода шуда буд, ки бо расонаҳо тамос нагиранд.

То кунун маълум нест, ки кӯдак кай ва дар чӣ шароите пайдо шуда, оё касе дар ин замина дастгир шудааст ё не.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми октябр дар як баёнияи кӯтоҳ гуфт, "ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ки боиси паҳн шудани ҳар гуна гумону тахминҳо ва нигаронии аҳли ҷомеа гардид, ба таври муфассал ба зудӣ шарҳ дода мешавад."

Ин ниҳод мегӯяд, кӯдаки гумшударо кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо баргузории "маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" ёфтаанд.

Тифли навзоди Мавзуна Акрамоваи 19-сола ва сокини ноҳияи Нуробод нимашаби 11-уми октябр аз таваллудхонаи рақами 1 ё зоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, муҳимтарин маркази ташхиси тиббӣ ва муолиҷаи модарон ва навзодон дар Тоҷикистон, гум шуд. Ин дар ҳолест, ки вуруд ба ҳуҷраи беморон ё аёдати онҳо дар нимашабӣ дар шифохонаҳои Тоҷикистон мамнуъ аст.

Яке аз хешовандони Мавзуна Акрамова, модари тифл, сабти як дурбини назоратиро ба Радиои Озодӣ фиристода буд, ки дар он дида мешавад, як зани ниқобпӯше дар либоси сабзи тамизкорони таваллудхона дар даст кӯдаки навзоде аз назди зойишгоҳ башитоб дур мешавад.

Мусоҳиби мо ҳамагӣ чанд соат пеш аз хабари ёфт шудани кӯдак гуфт, мақомоти интизомӣ тафтишро идома медиҳанд ва хешовандонро бозпурсӣ мекунанд. Ба қавли ӯ: “Ягон хешутабор дар берун намонд, ҳама хешу таборро гирифта бурданд. Ягон навигарӣ нест, ҳеч кас ба гардан намегирад. Кормандони таваллудхонаро ҷавоб доданд, ё не намедонам."

Дар Тоҷикистон нопадид шудани навзод аз таваллудхона бисёр кам иттифоқ афтодааст, вале соли 2023 як зани 45-сола аз ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи дуздидани тифли дурӯза аз зоишгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 8 сол зиндон маҳкум карданд.

Муфаттишон баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ тифли навзодро пайдо карданд ва зан ба мақомот гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, тифлро дуздид ва ба шавҳари муҳоҷираш ҳамчун фарзанди хеш нишон додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нопадид шудани як навзод дар Душанбе. Тифли Мавзунаро аз зоишгоҳ кӣ бурд?"Модараш мегӯяд, то кӯдакро наёбанд, аз зойишгоҳ намеравад"