Мақомот дар Суғд мегӯянд, корҳои таъйину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра анҷом ёфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими анҷоми корҳои муайянсозӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва масъулони Нерӯҳои марзбонӣ ва намояндагони Вазорати мудофиа, иштирок кардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат имзо гардид.
Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор накарданд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, ки қисмате аз роҳ ва чанд маҳалли аҳолинишинро бо ҳам иваз карданд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Дар нуқтаҳои баҳсӣ борҳо ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тараф шуда буд.