Мақомдори рус барои додани хона ба зани тоҷик дастгир шуд

Алайҳи Таҳмина Самадова ҳам бо иттиҳоми қаллобӣ парванда кушодаанд

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба додани хона ба як зодаи Тоҷикистон, муовини шаҳрдори Митишро боздошт кардааст.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, ин мақомдори шаҳри Митиш ба он муттаҳам мешавад, ки асноди зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадоваро дуруст насанҷидааст. Азҷумла, ин мақомдорро ба он муттаҳам кардаанд, ки даромади Самадова ва ҳамчунин чигуна дар як ҳуҷра зиндагӣ кардани 13 нафарро тафтиш накардааст.

Рӯзи 13-уми январ ба Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия 24 миллион рубл маблағи хариди хона доданд. Ӯ модари ҳафт фарзанд аст. Аммо ин хабар дар Русия норозигии миллатгароёнро ба миён овард ва Таҳмина Самадоваро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд. Бо сабаби ҳомила буданаш ӯро то поёни баррасии парванда озод кардаанд.

Таҳмина Самадова 14 сол боз шаҳрванди ин кишвар аст ва интизори тифли ҳаштум мебошад.