Бисёриҳо дар Қафқоз аз Тсарнаевҳо ҳимоят мекунанд

Дар ҳоле, ки Ҷавҳар Тсарнаев , яке аз гумонбарони такишҳо дар Бостон ва бародари хурдии Темурлан Тсарнаев, ба гуноҳи худ иқрор шудааст, ҳамватанони онҳо дар Махачқалъа ин қазияро иштибоҳӣ мехонанд
Дар ҳоле, ки Ҷавҳар Тсарнаев , яке аз гумонбарони такишҳои Бостон ва бародари хурдии Темурлан Тсарнаев ҳангоми боздошт ҷон ба саломат бурдааст ба бозҷӯёни амрико гузориш медиҳад, ҳамватанони онҳо дар Махачқалъа, пойтахти Доғистони Русия ин қазияро иштибоҳӣ мехонанд. Ба манзури бегуноҳии бародарон Тсарнаевҳо, постерҳое дар саросари Махачқалъа насб шудаанд ва муроҷиатҳои онлайнӣ ҳам ба президенти Обама фиристода мешаванд, то ҷараёнро мунсифона қазоват кунад.

Зубайда Тсарнаева, модари Ҷавҳар ва Темурлан Тсарнаевҳо имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар Доғистон гуфт, ки пушаймон аст, ки даҳ соли пеш ба Амрико муҳоҷират карданд. “Амрико писаронамро аз ман рабуд”, гуфт Зубайда Тсарнаева. Ӯ бори дигар такрор кард, ки ба бегуноҳ будани фарзандонаш эътимод дорад.

Гуфта мешавад, ки исми писари бузурги ӯ, Темурлан Тсарнаев якуним сол пеш аз таркишҳои Бостон, бо дархости Хадамоти иктишофии Амрико (ЦРУ) ба бонки иттилоотӣ дар бораи террористҳо ворид шуд. Аммо он замони далели хатарнок будани ӯ дарёфт нашуд.

Темурлан Тсарнаеви 26–сола ва бародари 19-солаи ӯ Ҷавҳар ба бомбгузорӣ дар дави марафонии Бостон, ҳафтаи гузашта, ки се танро қурбон ва дастикам 260 нафари дигарро маҷруҳ кардааст, гумонбар дониста мешаванд.

Дар худи қазияи Ҷавҳар баъзе маълумотҳои тоза ошкор шудаанд. Гуфта мешавад, Ҷавҳар Тсарнаев пеш аз он, ки ӯро бо қоидаи Миранда ошно кунанд, даст доштанаш дар таркишҳои марафони Бостонро эътироф кардааст. Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки додгоҳ эътирофи Тсарнаевро мепазирад ё бо мадракҳои айбдоркунандаҳо, ба мисли туфангча ва қисмати детонатор қаноат мекунад. Қоидаи Миранда талаботи ҳуқуқи дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки ҳангоми боздошт ҳуқуқҳои фарди муттаҳамро ба ӯ ёдрас мекунанд ва мегӯянд, ки боздоштшуда метавонад хомӯши ихтиёр кунад ва бидуни адвокат ба суолҳо ҷавоб надиҳад. Дар робита ба Сарнаев ин тартиб риоя нашудааст.

Сарнаеви 19-сола ба ходимони FBI гуфтааст, ки бародараш Темурлани чанде пеш ӯро дар ҷараёни барномаҳои террористиаш қарор дод ва ӯро иҷрокунандаи ин барномаҳо тайин кард. Ба гуфтаи Ҷавҳар ин интиқоме буд барои амалҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин ду бародар маводи ҷиҳодиро аз интернет дастрас мекардаанд ва бо ҳеҷ гуруҳи террористӣ робита надоштаанд.

Аммо шабаки телевизионии БиБиСи шоми панҷшанбе аз қавли мақомоти тафтишотӣ хабар дод, ки ду бародар баъди мунфаҷир кардани бома дар Бостон озими Ню Йорк буданд ва қасди ташкили инфиҷор дар қисмати тиҷоратии шаҳрро доштанд.

Шабакаи телевизионии CNN тамоми далелҳои аслии то ҳол дастрасро ба ҳам овардааст. CNN мегӯяд, тафтишот муқаррар кардааст, ки бомбаҳои худсохт бо истифода аз дастгоҳе таркиданд, ки умдатан дар бозичаҳо ҷой мешаванд ва тугмаи контрол дар фосила аз ҷойи таркиш пахш шудааст. Ин фосила ба гуфтаи тафтишот чандон дур набудааст.

Ҷасади Темурлан Тсарнаев ҳоло ҳам дар ихтиёри пизишкҳои додгоҳӣ қарор дорад ва сабаби маргаш то ҳол мушаххас нест. Темурлан дар пайи типрарронӣ бо пулис захмҳои бисёр бардоштааст ва ҳамчунин, тавре матбуот хабар медиҳад, додараш Ҷавҳар низ ҳангоми фирор ӯро бо мошин пахш кардааст.