Манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои то 14-солаҳо дар Туркия

Парлумони Туркия тарҳи қонунеро қабул кард, ки ба наврасони то 15-сола истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро манъ мекунад.

Хабаргузории Anadolu навишт, назорати иҷрои ин қонунро таъминкунандагони ин хадамот ба ӯҳда мегиранд. Бино ба ин санад, провайдер бояд тадбирҳои зарурии вобаста ба мушаххас кардани синнусоли корбарро роҳандозӣ кунад. Дар сомонаҳои провайдерҳои интернет бояд қоидаҳои зарурӣ нашр шаванд.

Баробар бо ин, назорати волидон аз фаъолияти фарзандонашон дар интернет ҳам танзим мешавад ва онҳо бояд бидонанд, ки фарзандашон чӣ гуна дар интернет сабтином шуда ба кадом сомонаву каналҳо обуна мешавад. Ба калонсолон роҳҳои назорат аз фаъолияти фарзандашон дар интернет таҳия мешаванд. Қоидаҳои нав ба бисёр пойгоҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube, TikTok, Facebook ва Instagram марбут мешавад.

Каме пештар вазири адлияи Оқин Гурлек гуфт, ки ҳукумат тарҳи қонуни манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кӯдаконро таҳия кардааст. Ин тарҳ баъди имзои президент ҳукми қонунро мегирад.

Ин санад баъди он имзо шуд, ки як мактабхони 14-сола дар мактаби шаҳри Қаҳрамонмараш нӯҳ талаба ва як омӯзгорро куштааст. Дар шарҳи ин ҳодиса президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, замимаҳои рақамӣ ба зеҳни кӯдакон таъсири бад мерасонанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба “қуттии партов” табдил шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Австралия аввалин кишваре, ки шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасон манъ кардБаҳси дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Аврупо