Манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар идораҳои Толибон

Як сарбози Толибон аз телефони ҳушманд истифода мебарад. Акс аз бойгонӣ.

Мулло Ҳайбатулло, раҳбари ҳукумати Толибон дастури манъи истифода аз телефонҳои ҳушманд дар ҳама идораҳои низомӣ ва ғайринизомии давлатии Афғонистонро додааст.

Ин мавзӯъро масъулини ҳукумати Толибон дар чандин вилояти Афғонистон дар гуфтугӯ бо бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин дастур ба таври шифоҳӣ ба онҳо расонида шудааст.

Як мақоми Толибон дар вилояти Бадахшон, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост номаш дар гузориш зикр шавад, рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "як дастури шифоҳӣ вуҷуд дорад, ки давоми соатҳои корӣ аз телефонҳои ҳушманд истифода нашавад".

Дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд ва Нангарҳор низ мақомҳои маҳаллии ҳукумати Толибон ба шарти ифшо нашудани ном ва садояшон ин мавзӯъро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ дар бархе минтақаҳо се рӯз пеш ва дар бархе вилоятҳо ҳудуди як ҳафта пеш ба онҳо расидааст.

Чанд рӯз пеш наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он бархе афроди Толибон телефонҳои ҳушмандро мешикананд.

Ҳамчунин бархе расонаҳои дохилии Афғонистон паёми садоиеро нашр карданд, ки ба яке аз мақомҳои Толибон нисбат дода мешавад. Ӯ дар ин навор аз нишасти Мулло Ҳайбатулло бо масъулони низомии ин кишвар суҳбат мекунад.

Дар ин паём иддао шудааст, ки раҳбари Толибон ба ҳамаи идораҳои низомӣ ва давлатӣ дастур додааст, ки телефонҳои ҳамроҳ ҷамъоварӣ ва шикаста шаванд.

Радиои Озодӣ натавонистааст ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ кунад.

Дар муқобил, шуморе аз масъулини ҳукумати Толибон дар Кобул дар паёмҳои хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки то кунун чунин дастуре ба онҳо нарасидааст ва дар бораи видеоҳои нашршуда хабаре надоранд.