Маҷористон таҳримҳои навро алайҳи Русия ҷонибдорӣ накард

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми феврал бар сари бастаи 20-уми таҳримҳо алайҳи Русия ба тавофуқ нарасиданд.

Ин хабарро Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо тасдиқ кард. Масъули сиёсати хориҷии ИА гуфт, "ин на он паёме буд, ки мехостанд" дар остонаи чорсолагии таҷовузи Русия ба Украина ирсол кунанд.

Маҷористон (Венгрия) ва Словакия ба ин тасмим мухолифат кардаанд. Барои тасдиқи бастаи таҳримҳо розигии ҳама аъзои Иттиҳоди Аврупо лозим аст.

Қаблан интизор мерафт, ки бастаи 20-уми таҳримҳо алайҳи Русия то рӯзи 24-уми феврал тасдиқ мешавад. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, кор дар ин самт идома дорад.

Маҷористон ё Венгрия мақомоти Украинаро ба қасдан зарар расондан ба хати лӯлаи нафти "Дружба" муттаҳам мекунад, ки роҳи асосии интиқоли нафти Русия ба Маҷористон ва Словакия буд. Ҷараёни нафт аз хати лӯлаи "Дружба" аз 28-уми январ ва пас аз ончӣ Украина "ҳамлаи паҳбодии Русия ба зерсохтҳои хати лӯла" эълон кард, қатъ шуд. Ба ғайр аз ин Киев мегӯяд, Маҷористон ва Словакия бо идомаи хариди нафт аз Русия, ҷанги Маскав алайҳи Украинаро сармоягузорӣ мекунанд.

Рӯзи 23-юми феврал намояндагони Маҷористон ҳамчунин аз тасдиқи 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупо ба Украина худдорӣ карданд.