Маҷористон эълон кард, то вақте интиқоли нафти Русия аз тариқи хати лӯлаи "Дружба" ба ин кишвар аз сар гирифта нашавад, бо додани қарзи 90-миллиардевроии Иттиҳоди Аврупо ба Украина мухолифат хоҳад кард.
Додани қарз аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба Украина ниёз ба раъйи мусбати ҳамаи аъзои ин иттиҳодия дорад. Бо ин ҳол, ба сабаби наздикии ҳукуматҳои Будапешт ба Маскав, ҳукумати Виктор Орбан дар Маҷористон ҳамеша дар ҳар масъалае аз ин раъй ҳамчун абзори фишор истифода кардааст.
Петр Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон рӯзи 20 феврал гуфт, Киев бо пешгирӣ аз транзити нафт ба Маҷоистон аз масири "Дружа", тавофуқи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро нақз кардааст ва Будапешт "дар баробари ин боҷхоҳӣ кӯтоҳ нахоҳад омад".
Ҷараёни нафт аз хати лӯлаи "Дружа" аз 28 январ ва пас аз ончӣ Украина "ҳамлаи паҳбодии Русия ба зерсохтҳои хати лӯла" эълон кард, қатъ шуд.
Маҷористон ва Словакия, ки танҳо полоишгоҳҳои боқимонда дар Иттиҳоди Аврупоро доранд, ки ҳанӯз аз нафти Русия аз тариқи ин хати лӯла истифода мекунанд, аз он замон барои таъмини ҷойгузин талош мекунанд.
Ҳар ду кишвар Киевро муттаҳам кардаанд, ки бинобар ангезаҳои сиёсӣ, аз интиқоли нафт пешгирӣ мекунанд.
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки дар ин робита аз вазорати корҳои хориҷии Украина ва ширкати нафту гази он кишвар тафсилот хоста, аммо посухе дарёфт накардааст.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар моҳи декабри соли гузашта пас аз соатҳои музокирот бар сари ироаи бастаи кӯмакҳои 90-миллиардевроии дусола ба Украина мувофиқат карданд.
Аммо ба ҷойи истифодаи мустақим аз дороиҳои масдудшудаи Русия, тасмим гирифтанд ин кӯмакро умдатан аз тариқи қарзи бо замонат аз будҷаи иттиҳодия таъмин кунанд. Бархе аз кишварҳои узви иттиҳодия ба додани пулҳои бандмондаи Русия ба Украина мухолифат карданд.
Иттиҳоди Аврупо ҷанги Русия алайҳи Украинаро таҳдиде барои амнияти худ медонад ва бар зарурати таъмини молии Киев барои идомаи ҷанг ё бозсозӣ таъкид дорад.