Шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз баровардани пули зиёди нақд аз Русия маҳрум шудаанд.
Қарорро дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми сентябр имзо кард.
Акнун шаҳрвандони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон (кишварҳои узви Иттиҳгоди иқтисодии АвруОсиё) ва инчунин Тоҷикистону Узбекистон ва Озарбойҷон ҳақ доранд, танҳо то 1 миллион рубли нақд (баробар ба дувоздаҳ ҳазор доллар)-ро аз Русия берун баранд.
Пештар як мусофир ҳақ дошт, аз Русия то 8,5 миллион рубли нақд, муодили 100 ҳазор долларро бо худ гирад.
Рӯзноманигор ва иқтисоддони тоҷик Пайрав Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Путин бештар на ба миқдори пул, балки ба шеваи интиқоли пули муҳоҷирон метавонад таъсир гузорад.
Ӯ афзуд: “Муҳоҷироне ҳастанд, ки моҳҳои дароз дар Русия кор карда, барои харидани мошину бунёди хона ё баргузории тӯю маърака ва хароҷоти дигари калон пулҳои ҷамъкардаи худро нақд ба Тоҷикистон меоранд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон акнун маҷбур мешаванд, аз хадамоти бонкӣ ва интиқоли расмии пул истифода кунанд,” -- гуфт Чоршанбиев.
Аз моҳи марти соли 2022 дар Русия берун бурдани пул (асъор)-и хориҷӣ ба миқдори беш аз 10 ҳазор доллар манъ аст.