Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз берун бурда шудани маводи сӯхт, дар убуру мурури нақлиёт аз кишварҳои ҳамсояаш маҳдудият ҷорӣ кардааст.
Дар ин бора муовини нахуствазири Қазоқистон Кайирхон Туткишбоев рӯзи 7-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, бар асоси муқаррароти нав, мошинҳои сабукраву борбар, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, дар шабонарӯз танҳо як бор ҳақ доранд аз сарҳад гузаранд. “Аз ин роҳ метавон тавозунро дар истифодаи маводи сӯхт таъмин кард,” – афзуд Туткишбоев.
Муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, чунин қарор ба ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар марбут аст. Илова ба ин, Вазорати энержии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои миллӣ як захирагоҳи маводи сӯхтро тартиб дода, тавозуни истифодаи онро дар бозори дохилӣ назорат мекунад.
Вай афзуд, вақтҳои охир ба ҳисоби онҳо “истифодаи маводи сӯхт дар минтақаҳои сарҳадии Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа ва Павлодар якбора боло рафтааст”.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон дар сарҳад бо Русия навбатпоиҳои калон мушоҳида мешавад.
Дар Русия аз охири моҳи июн як бӯҳрони маводи сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Далелаш ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои истеҳсоли нафти Русия дар посух ба ҳуҷумуҳои пурқурбонии Маскав ба мавзееъҳои аҳолинишини Украина мебошад.
Рӯзи 6-уми июл корхонаи коркарди нафти Омск, ки дар 2500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ қарор гирифт. Баъди ин, корхонаи Омск, ки соле 21 миллион тонна нафт истеҳсол мекард, корашро боздошт.