Лионел Месси дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол беҳтарин нишонзан шуд

Лионел Месси

Рақобатҳои даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 23-юми июн дар гурӯҳҳои I ва J баргузор шуданд.

Дар даври дувум дар гурӯҳи I мунтахаби Фаронса тими Ироқро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, дувумин пирӯзиашро ба даст овард. Ду голи фаронсавиҳоро Килиан Мбаппе дар дақиқаҳои 14-ум ва 54-ум ба самар расонд. Голи севумро Усмон Дембеле дар дақиқаи 66-ум зад.

Дар бозии дигари гурӯҳи I тими миллии Норвегия мунтахаби Сенегалро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ин дувумин пирӯзии футболбозони Норвегия дар ин мусобиқа мебошад. Аз дастаи ғолиб Эрлинг Ҳолланн ду гол (48, 58) ва Маркус Педерсен (43) як гол заданд.

Ду голи сенегалиҳо ба Исмоил Сарр (53, 90+3) марбут аст.

Дар гурӯҳи I мунтахабҳои Фаронса ва Норвегия, ки бо шашимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб кардаанд, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Аммо тимҳои Сенегалу Ироқ, ки имтиёз надоранд, пас аз бозиҳои даври севум макони мусобиқаро тарк хоҳанд кард.

Дар даври севум 27-уми июн соати 00:00 бо вақти Душанбе Норвегия бо Фаронса ва Сенегал бо Ироқ рақобат мекунанд.

Дар даври дувуми рақобатҳои гурӯҳи J мунтахаби Аргентина тими Австрияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Лионел Месси (38, 90+5) ба самар расонд. Дарвоқеъ, дар дақиқаи 9-ум Месси аз пеналти гол зада натавонист. Ин ғалабаи дувуми аргентиниҳо ба шумор меравад.

Бозии дигари гурӯҳи J байни мунтахабҳои Урдун ва Алҷазоир бо ҳисоби 2:1 ба нафъи алҷазоириҳо ба поён расид. Ба як голи бозигари урдуниҳо Низор Маҳмуд Ал-Рашдан (36) футболбозони тими Алҷазоир Нодир Бенбуалӣ (69) ва Амин Гуирӣ (82) бо ду гол посух доданд.

Дар ҷадвали ин гурӯҳ мунтахаби Аргентина, ки бо шаш имтиёз пешсаф аст, новобаста аз натиҷаи бозии даври севум 28-уми июн соати 07:00 бо вақти Душанбе муқобили Урдун ба даври плей-офф баромад. Тимҳои Австрия ва Алҷазоир, ки сеимтиёзӣ гирифтаанд, барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ талош доранд. Ҳарду дар даври севум 28-уми июн соати 07:00 бо вақти Душанбе бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Ёдовар мешавем, алъон тимҳои миллии Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Норвегия ва Аргентина, ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ пешсафанд, ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтаанд.

Ба ин тартиб, дар 13 рӯзи мусобиқа 44 бозӣ доир гардид. 31 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 13 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 44 бозӣ 134 гол зада шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси (Аргентина) бо 5 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола мешавад, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди нав гузошт.

Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 18 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Мессии аргентинӣ (5 гол), Килиан Мбаппе (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ, Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада) бо сеголӣ ба панҷгонаи беҳтаринҳо шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика22003-06
2Кореяи Ҷанубӣ21012-23
3Ҷумҳурии Чех20112-31
4Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ20111-31

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Канада21107-14
2Швейтсария21105-24
3Босния ва Ҳерсеговина20112-51
4Қатар20111-71

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия21104-14
2Марокаш21102-14
3Шотландия21011-13
4Ҳаити20020-40

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА22006-16
2Австралия21012-23
3Парагвай21012-43
4Туркия20020-30

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон22009-16
2Кот-д’Ивуар21012-23
3Эквадор20110-11
4Курасао20111-71

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд21107-34
2Ҷопон21106-24
3Шведсия21016-63
4Тунис20021-10

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

Белгия - Эрон – 0:0

Зеландияи Нав – Миср – 1:3

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Миср21104-24
2Эрон20202-22
3Белгия20201-12
4Зеландияи Нав20113-51

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0

Кабо-Верде – Уругвай – 2:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Испания21104-04
2Уругвай20203-32
3Кабо-Верде20202-22
4Арабистони Саудӣ20111-51

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

Фаронса- Ироқ – 3:0

Норвегия – Сенегал – 3:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Фаронса22007-16
2Норвегия22007-36
3Сенегал20023-60
4Ироқ20021-70

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

Аргентина – Австрия – 2:0

Урдун – Алҷазоир – 1:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина22005-06
2Австрия21013-33
3Алҷазоир21012-43
4Урдун20022-50

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия11003-13
2ҶД Конго10101-11
3Португалия10101-11
4Узбекистон10011-30

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия11004-23
2Гана11001-03
3Панама10010-10
4Хорватия10012-40

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 44-тоаш доир гардид.

Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври дувум

23 июн

22:00. Португалия – Узбекистон

24 июн

01:00. Англия - Гана

04:00. Панама – Хорватия

07:00. Колумбия - ҶД Конго

Даври севум

25 июн

00:00. Швейтсария – Канада

00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар

03:00. Марокаш – Ҳаити

03:00. Шотландия – Бразилия

06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ

06:00. Чехия – Мексика

26 июн

01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар

01:00. Эквадор – Олмон

04:00. Тунис – Нидерланд

04:00. Ҷопон – Шведсия

07:00. Туркия – ИМА

07:00. Парагвай – Австралия

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина