Лионел Месси дар Ҷоми ҷаҳонии фубол ба дарвозаи Алҷазоир се гол зад

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки бори аввал дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шудааст, дар ҳафт рӯзи мусобиқа дар даҳ гурӯҳ бист бозӣ доир гардид.

Дувоздаҳ бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва ҳашт дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 20 бозӣ 62 гол зада шуд.

Лионел Месси, капитан ё сарвони дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ифтитоҳӣ муқобили Алҷазоир ҳарсе голро ба самар расонда, хет-трик кард, дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 садрнишин шуд.

Дар умум, Мессии 38-сола шумораи голҳои худро дар марҳалаҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ба 16 адад расонд ва ба рекорди беҳтарин голзани таърихи мусобиқот - Мирослав Клозеи олмонӣ - баробар шуд. Ин бозии 200-уми Месси дар сатҳи байнулмилалӣ буд.

Натоиҷи бозиҳо ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика11002-03
2Кореяи Ҷанубӣ11002-13
3Ҷумҳурии Чех10011-20
4Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ10010-20

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Швейтсария10101-11
2Канада10101-11
3Қатар10101-11
4Босния ва Ҳерсеговина10101-11

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Шотландия11001-03
2Марокаш10101-11
3Бразилия10101-11
4Ҳаити10010-10

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА11004-13
2Австралия11002-03
3Туркия10010-20
4Парагвай10011-40

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон11007-13
2Кот-д’Ивуар11001-03
3Эквадор10010-10
4Курасао10011-70

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Шведсия11005-13
2Ҷопон10102-21
3Нидерланд10102-21
4Тунис10011-50

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Эрон10102-21
2Зеландияи Нав10102-21
3Белгия10101-11
4Миср10101-11

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Арабистони Саудӣ10101-11
2Уругвай10101-11
3Испания10100-01
4Кабо-Верде10100-01

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Норвегия11004-13
2Фаронса11003-13
3Сенегал10011-30
4Ироқ10011-40

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина11003-03
2Австрия11003-13
3Урдун10011-30
4Алҷазоир10010-30

Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат меварзад. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 гаронарзиштарин дар таърихи футболи ҷаҳонист. Бозиҳо дар 16 шаҳр (аксарияти варзишгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоj ҷойгиранд) ва дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 20-тоаш доир гардид.

Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.

Ягона намояндаи Осиёи Марказӣ - дастаи мунтахаби Узбекистон - дар гурӯҳи “К” наустин бозиашро 18-уми июн (соати 07:00 бо вақти Душанбе) бо Колумбия баргузор мекунад.

Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 чунин аст:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври якум

17 июн

22:00. Португалия - ҶД Конго

18 июн

01:00. Англия – Хорватия

04:00. Гана – Панама

07:00. Узбекистон – Колумбия

Даври дувум

18 июн

21:00. Чехия – ҶАҶ

19 июн

00:00. Швейтсария - Босния ва Ҳерсеговина

03:00. Канада – Қатар

06:00. Мексика - Кореяи Ҷанубӣ

20 июн

00:00. ИМА – Австралия

03:00. Шотландия – Марокаш

05:30. Бразилия – Ҳаити

08:00. Туркия – Парагвай

22:00. Нидерланд – Шведсия

21 июн

01:00. Олмон - Кот-д’Ивуар

05:00. Эквадор – Курасао

09:00. Тунис – Ҷопон

21:00. Испания - Арабистони Саудӣ

22 июн

00:00. Белгия – Эрон

03:00. Уругвай - Кабо-Верде

06:00. Зеландияи Нав – Миср

22:00. Аргентина – Австрия

23 июн

02:00. Фаронса – Ироқ

05:00. Норвегия – Сенегал

08:00. Урдун – Алҷазоир

22:00. Португалия – Узбекистон

24 июн

01:00. Англия - Гана

04:00. Панама – Хорватия

07:00. Колумбия - ҶД Конго

Даври севум

25 июн

00:00. Швейтсария – Канада

00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар

03:00. Марокаш – Ҳаити

03:00. Шотландия – Бразилия

06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ

06:00. Чехия – Мексика

26 июн

01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар

01:00. Эквадор – Олмон

04:00. Тунис – Нидерланд

04:00. Ҷопон – Шведсия

07:00. Туркия – ИМА

07:00. Парагвай – Австралия

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина