Ба Тоҷикистон аз қораи Аврупо 25 футболбоз аз Беларус, Гурҷистон, Русия, Сербия, Украина, Фаронса, Хорватия ва Эстония; аз Осиё 23 нафар аз Узбекистону Эрон; аз Африқо 17 бозигар аз Гана, Камерун ва Нигерия ва аз қораи Амрико 3 кас аз Бразилия даъват шудаанд.
Дар бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон шумораи зиёди легионерҳо аз Узбекистон аст. 21 бозигари ин кишвар дар дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан (7 нафар), “Сардор”-и Турсунзода (4 нафар), “Эсхата”-и Хуҷанд (4 нафар), “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (4 нафар), “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (1 нафар) ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе (1 нафар) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Аз Украина 9 футболбоз ба ҳайатҳои дастаҳои “Вахш”-и Бохтар (4 нафар), “Истиқлол”-и Душанбе (2 нафар), “Парвоз” (2 нафар) ва “Равшан”-и Кӯлоб (1 нафар) дохиланд.
Аз кишвари африқоии Гана 9 футболбоз аъзои дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор (4 нафар), “Ҳосилот”-и Фархор (3 нафар), КМВА (1 нафар) ва “Регар-ТадАЗ” (1 нафар) мебошанд.
Аз кишвари дигари африқоӣ - Камерун – 7 футболбоз шарафи дастаҳои “Регар-ТадАЗ” (3 нафар), КМВА (2 нафар) ва “Ҳосилот”-ро (2 нафар) ҳимоят мекунанд.
Аз Сербия 5 футболбоз дар дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд (4 нафар) ва “Равшан” (1 нафар); аз Русия 3 футболбоз дар ҳайати “Истиқлол” (2 нафар) ва “Вахш” (1 нафар); аз Бразилия 3 ҳамлагар дар ҳайати КМВА; аз Хорватия низ 3 нафар дар тими “Истиқлол” мебошанд.
Аз Эрон 2 футболбоз ба ҳайати тими “Сардор”; аз Беларус низ 2 нафар ба дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” даъват шудаанд.
Инчунин якнафарӣ бозигарон аз Гурҷистон дар дастаи “Хуҷанд”, аз Нигерия дар тими “Равшан”, аз Фаронса дар бошгоҳи “Хуҷанд” ва аз Эстония дар дастаи “Ҳосилот” ҳунарнамоӣ мекунанд.
Легионерҳои футболи тоҷик мегӯянд, ҳарчанд маоши баланде намегиранд, аз шароити буду бошашон дар Тоҷикистон қаноатманданд.
Ба назари бархе аз коршиносону мутахассисони футболи тоҷик даъвати легионерҳо ба бошгоҳҳои кишвар хуб аст ва метавонад ба боло рафтани сатҳи бозии футболбозони маҳаллӣ кӯмак кунад.
Аммо Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии дастаи “Парвоз”, ки имсол боз ба лигаи олӣ баргашт, ба Радиои Озодӣ гуфт, “легионер бояд аз бозигарони маҳаллӣ як сару гардан боло бошад. Агар мо легионерҳои дуюмдараҷаро даъват кунем, маъние надорад. Сатҳи бозии легионер бояд баланд бошад. Дар он сурат ӯро мешавад легионер гуфт.”
Зимнан, бо дарназардошти регламент ё дастури Лигаи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ҳар як даста дар ҷараёни ҳар як бозии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар як вақт метавонад панҷ легионер дар майдон бошад.