Лавров гуфт, ҷангҷӯён мехоҳанд аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ гузаранд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои байнулмилалии ифротӣ талош доранд, ки бо истифода аз роҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ аз Афғонистон вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд.

Изҳороти Сергей Лавров рӯзи 16-уми октябр дар нишасти намояндагони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой садо дод.

Хабаргузории русии "ТАСС" суханони ӯро чунин иқтибос овардааст: "Мо ин воқеиятро низ ба назар мегирем, ки тибқи маълумоти мавҷуда, дар минтақаҳои Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳузури ҷиддии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, урдугоҳҳои омӯзишӣ ва пойгоҳҳои онҳо ҳамоно боқӣ мондааст."

Инро ҳам бинед:

Изҳори нигаронии як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз хатари шохаи "Хуросон"

Лавров гуфтааст, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз хоки Афғонистон бо баҳонаи паноҳандагӣ ё саёҳат кӯшиши ворид шудан ба кишварҳои минтақаро кунанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия афзудааст, бино ба арзёбии хадамоти вижаи кишвараш, хатари асосӣ аз ҷангҷӯёни "Шохаи Хуросон"-и созмони террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бармеояд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи феврали имсол Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милал дар нишасти Шӯрои Амният гуфта буд, "Шохаи Хуросон" дар Афғонистон як таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа ва фаротар аз он ба шумор меравад.

“Толибон”, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон, иддао мекунад, ки "Шохаи Хуросон" саркӯб шуда, дигар наметавонад барои ин кишвар мушкил эҷод кунад.

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия, дар нишасти рӯзи 16-уми октябр шумораи намояндагони созмонҳои террористиро дар Афғонистон зиёда аз 23 ҳазор нафар эълон кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Мақомот дар Душанбе пинҳон намекунанд, ки аз ҳузури ҷангҷӯён дар он сӯи Ому нигарон ҳастанд, аммо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар чанд изҳороти пешинааш гуфтааст, барои таъмини амният дар марз "аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод".

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи якуми сентябри 2026 дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, аз нигарониҳои амниятии Душанбе, бахусус дар мавриди рӯйдодҳои Афғонистон, огоҳ аст, аммо шарҳ надод, ки ишорааш ба чист.

Инро ҳам бинед:

Путин гуфт, аз нигарониҳои амниятии Тоҷикистон огоҳ аст

Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар соли 2015 аз вуҷуди худ хабар дод ва дар солҳои охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар дохил ва берун аз Афғонистон ба дӯш гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои маълумоте, ки боис ба боздошти ду раҳбари "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ шавад, 18 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст. Иёлоти Муттаҳида гурӯҳи ДОИШ-ро созмони террористӣ медонад.