Талоши боздошти президенти пешин бо хунрезӣ анҷомид

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нерӯҳои вижаи Қирғизистон 7 август барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба хонаи ӯ ҳамлаи ноком анҷом доданд. Тарафдоронаш ба боздошти Отамбоев имкон надоданд. Чанд нафар захмӣ гашт. Отамбоев дар солҳои 2011-17 президенти Қирғизистон буд. Зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.