Кувайт дар Тоҷикистон сафорат боз кард

Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ, сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон.

Давлати Кувайт сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард ва Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба унвони нахустин сафири худ ба Душанбе фиристод.

Кувайт севумин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аст, ки намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад. Аз ин қабл, Арабистони Саудӣ ва Қатар сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон боз карда буданд.

Сафорати навтаъсиси Давлати Кувайт дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, зимни таманниёти нек ба тоҷикистониён, аз омодагии Кувайт барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид кард.

"Ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти намояндагии дипломатии доимии Кувайт марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, аз талошҳои ду кишвар барои таҳкими робитаҳои мустақим ва тавсеаи самтҳои ҳамкории муштарак шаҳодат медиҳад",-омадааст дар ин баёния.

Тоҷикистон ва Кувайт дар гузашта дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши иқтисод, фарҳанг ва сармоягузорӣ ҳамкориҳо доштаанд.

Дар моҳи ноябри соли 2024 пойтахти Кувайт мизбони конфронс оид ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм буд, ки аз ҷониби Кувайт, Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм (UNOCT) ба таври муштарак ташкил шуда буд.

Давлати Кувайт ҳамчунин аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардааст. Фонди кувайтии тараққиёти иқтисоди арабӣ дар моҳи декабри соли 2024, барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар қарз ихтисос дод.

Ҳамчунин дар моҳи июни соли ҷорӣ Бунёди кувайтӣ барои рушди иқтисоди арабӣ бо Вазорати молияи Тоҷикистон барои тарҳи рушди мактабҳо дар Тоҷикистон, ба маблағи 6 миллион динори кувайтӣ (тақрибан 19,2 млн доллари ИМА) созишномаи қарзӣ имзо кард.

Аз ин пеш ин Бунёд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн динори кувайтӣ барои тарҳҳо дар бахшҳои роҳсозӣ, энержӣ ва обёрӣ, қарз дода буд.

Тоҷикистон ҳам сафорати худро дар Давлати Кувайт дорад. Он дар моҳи январи соли 2013 ифтитоҳ шуда буд.