Муфаттишон Сафаралӣ Валиро ба он муттаҳам кардаанд, ки ҳамсараш Зуҳро Қурбонова, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шомаҳмад ва тифли батни ӯ ва як кӯдаки дигари хонадон Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расондааст. Ҳодиса шаби 2-юми апрел рух дод.
Зуҳро Қурбонова 28-сола, Таҳминаи Шоҳмаҳмад 20-сола ва Абубакр Қурбонов 6-сола буда, дар бемористони Кӯлоб ҷон додаанд. Мақомот тифли ҳаштмоҳаи батни Таҳминаи Шоҳмаҳмадро “як инсони комил” ҳисоб кардаанд.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба Сафаралӣ Валӣ бо иттиҳоми “куштани чанд нафар бо бераҳмии махсус” (моддаи 104, банди 2-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шуд. Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 15 то 25 сол зиндон ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Сафаралӣ Валии 32-сола аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркаш будааст. Пештар мақомот гуфта буданд, ки ӯ бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова ҷанҷол дошт ва эҳтимол сабаби ҳодиса ҳамин бошад.
Ба нақли наздиконаш, Зуҳро Қурбонова то моҳи феврали имсол бо Сафаралӣ Валӣ дар Душанбе зиста, пас аз як муноқиша ба Кӯлоб ба хонаи волидон рафт. Ба гуфтаи онҳо, ин мард қаблан ҳамсарашро ба куштан таҳдид карда буд, аммо онҳо ҷиддӣ нагирифтанд.
Як тан аз ҳамдеҳагони Сафаралӣ Валӣ гуфт, ки наздикони ин ҷавон ҳанӯз бовар надоранд, ки ӯ ба чунин куштори даҳшатнок даст задааст.
Ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, худи ӯ дар баёноти аввалияаш ба мақомот гуфтааст, ки соати дуи шаб вориди хона шуда, иштибоҳӣ аввал ба хоҳарарӯсаш Таҳминаи Шоҳмаҳмад ҳамла кард. Радиои Озодӣ дурустии онро тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
Наздиконаш мегӯянд, Таҳмина дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ буд ва барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт.
“Сафаралӣ Валӣ гуфт, пас аз онки ҳамсараш аз хоб бедор шуду дод зад, ба ӯ низ ҳамла кардааст. Ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасондааст," – нақл кард як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Хатлон.
Ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла гумонзад бо чӣ далеле ба кӯдаки шашсола корд задааст, дастраси Радиои Озодӣ нашуд. Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигари занони кушташуда будааст, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.
Дар соли ҷорӣ дар Кӯлоб дигар кушторҳои пурсарусадо низ сабт шуда буд.
Рӯзи 8-уми феврал Қурбоналӣ Маҳмудов, як сокини Кӯлоб дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” буд.
Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ як ҳамсолашро гумонбар дониста, боздошт кардаанд.