5 кушта ва беш аз 30 захмӣ. Ҳамлаи густурдаи Русия ба Харков

Харкови Украина, 3-юми апрел

Русия бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Харков, дар шимолу шарқи Украина, зарба задааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои шаби 3 ба 4-уми апрел панҷ кас кушта ва зиёда аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Чанд бинои истиқоматӣ низ сӯхтаву вайрон гардидааст.

Додситонии кулли Украина гуфт, дар миёни кушташудагон се кӯдак ҳаст.

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар шаҳри Днепри Украина низ се нафар ва дар вилояти Запорожйе як касро захмӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 4-уми апрел гуфт, як ҳавопаймои бесарнишинро аз байн бурданд, ки ба самти пойтахти Русия меомад.

Хабаргузориҳои Русия аз қавли як намояндаи Оҷонси федеролии ҳамлу нақл хабар доданд, ки се фурудгоҳ муваққатан баста шудааст.

Дертар хабар расид, ки фурудгоҳи "Внуково" барои қабулу гусели ҳавопаймоҳо боз аст, аммо дар бораи аз сар гирифтани фаъолияти дуи дигар хабаре нест.