Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба Нижнекамск

Пайомади ҳамла. Нижнекамск, Тотористон, 10-уми августи 2026

Бар асари ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон дар Русия ба камияш сездаҳ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, кушта шудаанд.

Мақомот дар Душанбе то кунун иттилое надоданд.

Мария Захарова

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 10-уми август гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла, ки Маскав кори дасти Киев медонад, "асосан шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд".

"Тибқи маълумоти ибтидоӣ, дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Узбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд," – афзуд ӯ.

Захарова ҳувияти қурбониёнро ошкор накард, аммо илова намуд, ки "ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд."

Ҳамла ба корхонаи коркарди нафти Нижнекамск дар Тотористон

Ин ҳамла шаби 9 ба 10-уми август иттифоқ уфтод.

Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд.

Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ҳамла бо иттиҳоми “терроризм” парванда боз кард.

Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.

Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Маскав корхонаҳои коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ дар ин кишвар гаштааст. Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.