"Аз Русия хабар доданд." Кушта шудани Олимҷон дар ҷанги Украина

Ба нақли наздикон, Олимҷон Бердиев бори охир моҳи ноябри соли 2025 бо онҳо тамос гирифта буд

Олимҷон Бердиеви 35-сола аз шаҳри Ҳисор, ки дар Вологорад кору зиндагӣ мекард, вале тақрибан як сол боз беному нишон буд, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст.

Нилуфар Бердиева, хоҳари Олимҷон, рӯзи 30-юми октябр дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги бародарашро аз Русия расонданд. "Ҳозир ҷузъиётро гуфта наметавонам. Имкони суҳбат кардан надорам. Фақат ҳамин ки аз Русия занг зада, гуфтанд, Олимҷон мурдааст," – афзуд ӯ.

Ин хонадон беш аз ёздаҳ моҳ боз писари ягонаи худ Олимҷон Бердиевро дар Русия меҷуст, вале ба сабаби тандастӣ ва душвориҳои дигар ба онҷо рафта натавонист. Ҳоло дақиқ нест, ки пайкар (ҷасад)-и ӯ дар куҷост. Ҳамчунин маълум нест, ки мақомоти Русия ба хонаводааш дар Тоҷикистон ҷуброне хоҳанд пардохт ё не.

Пештар баъзе аз наздикони шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина шикоят доштанд, ки мақомоти Русия ба онҳо кумаке накардаанд ё бисёр кам ёрӣ кардаанд.

Ба нақли наздикон, Олимҷон Бердиев бори охир моҳи ноябри соли 2025 дар як тамоси телефонӣ ба модараш, Зӯҳро Шарифова, гуфта будааст, ки ҳамаи корҳояяш хубанд, аммо дигар занг назадааст.

Қаблан яке аз дӯстони ӯ дар шаҳри Волгоград бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Олимҷон дар воҳиди низомии 91714-и Вазорати дифои Русия хидмат мекард ва рӯзи 20-уми ноябри соли 2025 аз Ростов ба ҷанг дар Украина бурда шуд.”

Ин мусоҳиби мо гуфт, “ӯ барои дарёфти шаҳрвандӣ ва раҳоӣ аз пули патенту санҷиши пайвастаи мақомот, мехост, шаҳрвандии Русияро гирад ва гуё ба ҳамин далел ба ҷанги Украина рафт.” Маълум нест, ин кор ихтиёрӣ будааст ё маҷбурӣ.

Мақомоти Русия ба хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шарт гузоштаанд, ки дар сурати бастани қарордод бо артиши Русия ва рафтан ба ҷанги Украина ба осонӣ соҳиби шиносномаи русӣ хоҳанд шуд.

Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ доранд ва танҳо дар даҳ соли охир зиёда аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи Русияро соҳиб шудаанд.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва садҳо муҳоҷири одӣ ва зиндониёну боздоштшудаҳои тоҷикро ба ин ҷанг бурд. То кунун хабари кушта шудани беш аз сад тоҷик дар ҷанги Русия бар зидди Украина ва дафни пайкар ё ҷасади онҳо дар Тоҷикистон расонаӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори бехабарӣ мекунанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин ки чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар ҷанги Украина ҷанг карда истодаанд ё наистодаанд, мо ягон ҳисобот намебарем ва дар ин масъала ягон уҳдадорӣ ҳам надорем."

Ба иттилои тарҳи “Зистан мехоҳам” дар Украина, Русия аз соли 2022 то кунун зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба артиш ва ширкат дар ҷанги Украина ҷалб кардааст.

Моддаи “401 ба иловаи як" дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз дувоздаҳ то бист сол зиндон ҷазо муқаррар кардааст. То кунун ягон кас барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.