Кушта шудани 3,5 ҳазор зархариди артиши Русия

Хабарнигорон номи беш аз 3,5 ҳазор хориҷиро муайян кардаанд, ки аз тарафи Русия зидди Украина ҷангида, кушта шудаанд.

Таҳқиқи Би-би-си ва пойгоҳи "Медиазона" нишон дод, ки бештари хориҷиёни ҳалокшуда ё 2304 нафар шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ ҳастанд.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин номи 1285 нафар аз 40 кишвар зикр шудааст. Аз ҷумла номи 339 қазоқистонӣ, 229 узбекистонӣ, 199 тоҷикистонӣ ва 89 шаҳрванди Қирғизистон ҳам дар миёни кушташудагон ҳастанд.

Дар таҳқиқот омадааст, беш аз нисфи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон, ки кушта шуданашон тасдиқ шудааст, аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудаанд.

Омори расмии тоҷикон дар ҷанги Русия алайҳи Украина маълум нест. Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд, вале дар бештар аз чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид шудаанд.

Хабарнигорони Би-би-си ва пойгоҳи “Медиазона” пайваста номи кушташудагон аз тарафи Русияро аниқ мекунанд. Хабарнигорон то ин дам номи 233 ҳазор сарбози фавтида аз тарафи Русияро муайян кардаанд.

Ба маълумоти НАТО, қариб 24 ҳазор хориҷӣ аз 44 кишвар ба артиши Русия ҷалб шуда, зидди Украина меҷанганд. Ин маълумотро ахиран бахши русии Би-би-си дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО дар Анқара нашр кард.