Кумита: Блогерон 27 миллион сомонӣ даромад гирифтанд

Кумитаи андоз (молиёт)-и Тоҷикистон мегӯяд, соли 2024 блогерони тоҷик 27,2 миллион сомонӣ ё 2.4 миллион доллар даромад гирифтаанд.

Намояндагони Кумитаи андоз 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, блогерон соли гузашта ба буҷа 2,2 миллион сомонӣ молиёт супоридаанд.

Мустақилона тасдиқи ин рақамҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест. Баъзе аз блогерон аз кам шудани даромади худ шикоят мекунанд.

Тибқи иттилои ахири Кумитаи андоз, дар кишвар 114 блогер сабт шудаанд, ки назар ба соли гузашта 26 кас зиёд аст.

Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад афзуд.