Кӯҳнаварди амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳалок шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як кӯҳнаварди амрикоӣ ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ аз кӯҳ афтода ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа бо Метт Доусон, кӯҳнаварди 47-сола, ки як ҷаҳонгард ва ризокори маъруф аст, рӯзи 15 август рух додааст, вале хабари даргузашти ӯро хонаводааш 1-уми сентябр дар Инстаграм нашр кард.