Коршиносони СММ саркӯби норозиёнро дар Ҳирот маҳкум карданд

Афғонистон, соли 2024

Даҳ коршиноси Созмони Милали Муттаҳид саркӯби норозиёнро дар шаҳри Ҳирот маҳкум карданд.

Нерӯҳои "Толибон" дар Афғонистон эътирозгаронеро, ки рӯзи 9-уми июн дар Ҳирот аз ҳуқуқи занон дифоъ мекарданд, бо истифода аз силоҳ пароканда карданд.

Эътирози сокинон пас аз он сурат гирифт, ки мақомот занонро барои риоя накардани қоидаи либоспӯшии исломӣ, аз ҷумла пӯшидани бурқа боздошт карданд.

Коршиносони Созмони Милал рӯзи 11-уми июн дар баёнияе гуфтаанд, дар ҷараёни саркӯби ин тазоҳурот камаш ду нафар кушта ва зиёда аз 20 нафар захмӣ шуд.

Дар ҳоле ки пулиси “Толибон” истифода аз ҳар гуна силоҳро алайҳи тазоҳургарон инкор мекунад, як шоҳиди ҳодиса, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Ман ҳамон ҷо будам, инҳо (Толибон) ба сӯи эътирозгарон оташ кушоданд.”

“Баробарӣ, таҷаммӯи мусолиматомез, озодии баён ва ҳимоят дар баробари боздошти худсарона аз ҳуқуқи бунёдии тамоми инсонҳост,” – гуфта шудааст дар баёнияи коршиносони Созмони Милал.