Музди кори кормандони идораҳои давлатӣ ва аз ҷумла муаллимону табибон дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри имсол аз 20 то 25 дар сад боло бурда мешавад.
Фармон дар бораи зиёд кардани музди кор дар идораҳои давлатиро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми январ нашр кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри ин хабар гуфт, ки ҳадаф аз ин фармон боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар фармони раиси ҷумҳур ҳамчунин омадааст, ки – “ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад”.
Бар асоси фармон, сар аз 1-уми сентябри соли 2026 музди кори низомиён, маъмурони милисаву кормандони додситонӣ ва додгоҳҳо, кормандони ҳукуматҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигари муассисаҳои буҷавӣ ва стипендияи донишҷӯён ва ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа зиёд карда мешавад.
Бар асоси фармон, ба музди кори мураббияҳои кӯдакистонҳо ва муаллимон 25 дарсад меафзудаанд, вале кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳукуматҳо ва муассисаҳои дигари буҷавӣ 20 дарсад бештар мегирифтаанд. Ҳаққи нафақаро на камтар аз 15 дар сад боло мебурдаанд.
Дар Тоҷикистон тақрибан ҳар сол музди кори кормандони идораву муассисаҳои давлатиро боло мебаранд, вале бо афзоиши пайиҳами таваррум таъсири пули изофие, ки онҳо мегиранд, ба қавли коршиносон ночиз аст.
Ба гуфтаи иқтисодшиносон, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста боло меравад.