Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, рӯзи 19-уми август ҷасади ноболиғеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, рӯзи душанбеи 19-уми август тахминан соати 18:00 дақиқаи аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии «Асадулло», ҷамоати деҳоти Даҳанакики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои «бачабозӣ» ва «марги маҷбурӣ» дарёфт кардаанд.
Манбаъ мефзояд, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар бадани ноболиғ 16-зарбаи олоти тези бурандаю халонидашуда ба ноҳияи гардан аз пеш ва қафо, мушоҳида шудааст. Мақомот номи ноболиғро ошкор накардаанд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон фармонеро содир кардааст, ки аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва Раёсати Вазорати умури дохилии вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст. Рафти тафтишоти он зери назорати вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки шаби 19-уми август соати 1:30 дақиқаи дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара як гурӯҳи ношинос ба бинои хоҷаги деҳқонии «Участкаи -5» воқеъ дар наздикии марзи Қирғизистон даромада, посбони он Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов ва аҳли хонаводаи ӯ, аз ҷумла ду набераашро ба қатл расонидаанд.
Ин дар ҳолест, ки имсол дар Тоҷикистон чанд ҳодисаи куштор рух доданд, аммо гунаҳкорони ҳодисаҳо ошкор карда нашудаанд. Аз ҷумла куштори ваҳшиёнаи як оилаи тоҷири суғдӣ, ки то ҳол мақомот аз дастгир шудани қотил хабар надодааст. Ҳодисаи дигар ғорати филиали "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Файзобод ва қатли посбони он аст, ки чанд моҳ пеш рух дода буд. Вале аз дастгир шудани ҷинояткорони ин ҳодиса хабар дода нашудааст.