Кӣ қаҳрамони футзали Тоҷикистон мешавад: "Соро компания" ё "Сипар"?

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд муборизаро барои медалҳои тилои Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 идома медиҳанд. Ҳисоб аз рӯйи натоиҷи чаҳор бозии ниҳоии Суперлига баробар шуд-2:2.

Бозиҳои сеюму чаҳоруми ниҳоӣ миёни тимҳои "Соро компания" ва "Сипар" дар "Кохи Олимп"-и шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Дар бозии сеюм, ки 31-уми декабр доир гардид, "Соро компания" бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Бозии чаҳорум, ки 1-уми январ сурат гирифт, бо ғалаби “Сипар” бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди чаҳор рақобат ҳисоби силсила мусовӣ шуд - 2:2. Унвони қаҳрамони Тоҷикистон насиби кӣ мешавад? Ба ин савол бозии панҷум ва ҳалкунанда, ки дар Хуҷанд доир мегардад, посух хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, дастаи "Соро компания", қаҳрамони феълии кишвар, 26-уми декабр дар Қасри варзиши Хуҷанд силсилабозиҳои ниҳоии Суперлигаро бо пирӯзӣ оғоз карда, тими "Сипар"-ро шикаст дод. Замони асосии дидор бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Аз рӯйи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ "Соро компания" бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Дар бозии дуюми ин дастаҳо, ки 27-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, "Сипар" ғолиб омад. Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бозигарони "Сипар" бо ҳисоби 4:3 пирӯз гаштанд.

Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи "Соро компания" ба ҳисоб меравад. Ин даста қаҳрамони панҷкаратаи Суперлигаи Тоҷикистон аст (солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024). Соли 2023 "Истиқлол"-и Душанбе ғолиби мусобиқа шуда буд.

"Истиқлол" дар мавсими соли 2025 дар бозиҳои марҳилаи плей-офф барои ба даст овардани нишонҳои биринҷӣ дар ду бозӣ бар дастаи "Амонатбонк"-и Душанбе ғалаба кард.