Радиои Озодӣ ҷузъиёти ҳукми панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо ба даст овард. Онҳо, ки якҷо бо раиси пешини фурудгоҳ Исматулло Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод шудаанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода дар Додгоҳи олӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.
Кӣ чӣ қадар ҷарима шуд?
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба Аслиддин Маликзода, Муҳриддин Давлатов, Парвиз Исматуллоев, Тағоймурод Ҷӯраев ва Муқим Холов 30-юми январи имсол содир шуда, додгоҳ 9-уми июн баъзе ҷузъиёти онро ба Радиои Озодӣ фиристод.
Ҳамаи инҳо ба азхудкунӣ, исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон, сохтакорӣ ва ба каси дигар додани ҳуҷҷат ва мукофоти давлатӣ гунаҳкор шуда, чунин ҷарима супурдаанд:
- Аслиддин Маликзода, муовини пешини раис фурудгоҳ – 138 ҳазору 750 сомонӣ
- Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ – 165 ҳазор сомонӣ
- Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ – 157 ҳазору 500 сомонӣ
- Парвиз Исматуллоев, ки мансабаш дар фурудгоҳ барои мо маълум нест, 187 ҳазору 500 сомонӣ
- Муқим Холов, ки мақомаш дар фурудгоҳ маълум нест, 150 ҳазор сомонӣ.
Ба ҷуз Аслиддин Маликзода, додгоҳ чор нафари дигарро аз гирифтани ҳама гуна мансаб ба муддати се сол маҳрум кардааст.
Дар посухи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ омадааст, “аз ҷониби маҳкумшудаҳо зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор карда шуд”. Пештар намояндагони Оҷонси зиддифасод ҳам гуфта буданд, Аслиддин Меликзода, Муҳриддин Давлатов ва Тағоймурод Ҷӯразода зарари расондаро пурра пардохт карданд.
Ба гуфтаи мақомот, Исматулло Абдуллозода 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қонун ё наздикӣ бо президент. Раҳоии Исматулло Абдуллозода чӣ маъно дорад?Рӯзи 9-уми июн дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ба ҳукми додгоҳ эътироз накарданд. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо роҳбари ин муассиса Исматулло Абдуллозода дар моҳи майи соли 2025 боздошт, вале чор моҳ баъд бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуданд.
Парвандаи Исматуллозода ҷудо баррасӣ мешавад
Тибқи иттилои расмӣ, баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе дар Додгоҳи олии Тоҷикистон қариб тамом шудааст. Радиои Озодӣ 18-уми май ба Додгоҳи олӣ дархости расмӣ фиристод, то ба ширкати хабарнигорони радио дар мурофиаи Исматулло Абдуллозода иҷозат диҳанд. Додгоҳи олӣ танҳо 9-уми июн дар посух навишт, мурофиаи Абдуллозода 29-уми апрел оғоз гардида, то 20-уми май идома кард.
“Айни замон тафтишоти судӣ ба анҷом расидаст. Баъд аз шунидани музокираҳо санади судӣ қабул карда мешавад,” – омадааст дар посухи Додгоҳи олӣ.
Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархи дигар аз эҳтимоли беҷазо мондани Абдуллозода бар пояи равобиташ бо оилаи аввали кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе буд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷузъиёти ҳукми 5 мансабдор. Кӣ чӣ ҷазо гирифт?